Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҷмӯаи «Молияи Тоҷикистон» аз чоп баромад

Маҷмӯаи омории «Молияи Тоҷикистон» иттилооти солҳои 2013-2018-ро дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ, омори бонкӣ, суғурта, нишондиҳандаҳои асосии молиявии фаъолияти хоҷагидории корхонаҳо ва ташкилотҳо дар бар мегирад.

Ба маҷмӯа оид ба қарзҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, қарзгузорӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, даромад ва хароҷоти буҷет, ҳисоббаробаркунии муассисаҳо дар соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳо дохил шудаанд.

Маълумотҳо бо нархҳои солҳои дахлдор аз рӯи корхонаҳо ва ташкилотҳои ба қайд гирифташуда, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ қарор доранд, оварда шудаанд.

Нашр шудааст: 02.10.2019