Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҷмӯаи "Фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз чоп баромад

Дар маҷмӯаи оморӣ оиди фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2017 маълумотҳо пешниҳод карда шудаанд.

Дар бораи содирот, воридоти мол ва хизматрасонӣ барои якчанд сол бо тақсимоти ҷуғрофии мамлакатҳо ва минтақаҳо, динамикаи гардиши савдои хориҷӣ, содирот, воридот аз рӯи мамлакатҳои ИДМ ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон; оиди содирот, воридоти хизматрасониҳои байналхалқӣ аз рӯи намуд ва мамлакатҳо, дар бораи фаъолияти корхонаҳои муштарак, сармояҳои мамлакатҳои хориҷи наздик ва дур маълумотҳо оварда шудаанд.

Манбаи маълумотҳо иттилооти пешниҳодкардаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ, ки субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошанд, ба шумор мераванд.

Нашр шудааст: 09.07.2018