Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҷмӯаи «Пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баромад

Дар маҷмӯа нишондиҳандаҳои асосие, ки пахтакориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2012-2017 тавсиф менамоянд, нашр мегарданд. Доир ба масоҳати кишти пахта, истеҳсол ва ҳосилнокӣ аз рӯи навъҳо дар вилоятҳо ва ноҳияҳо, додани нуриҳои маъданӣ ва порӯҳои органикӣ ба заминҳои кишти пахта, мавҷудияти мошинҳои пахтачинӣ, маълумот бо динамика оварда шудаанд.

Нашр шудааст: 12.09.2018