Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА: ҲАМАИ ҲИСОБОТҲОИ ОМОРӢ БА ШАКЛИ ЭЛЕКТРОНӢ ГУЗАРОНИДА ШУДАНД

ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА: ҲАМАИ ҲИСОБОТҲОИ ОМОРӢ БА ШАКЛИ ЭЛЕКТРОНӢ ГУЗАРОНИДА ШУДАНД

Дар замони муосир нисбат ба омори давлатӣ талаботи бештар, махсусан аз ҷиҳати таркиб ва сифати маълумоти омори расмӣ, ба миён омадааст. Зеро ҷамъоварии маълумоти дақиқу саҳеҳ ва сифатноки оморӣ барои таҳлили вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, демографию экологӣ ва сиёсию фарҳангии кишвар, қабули қарорҳо дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фазои сармоягузорӣ ва саривақт паҳн намудани маълумоти боэътимод аҳаммияти хоса дорад.

Кормандони мақомоти омори давлатии Тоҷикистон бо фаъолияти созандаву софдилонаи хеш семоҳаи якуми соли 2024-ро бо як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.

“Ҳарфи омор” дар мавриди нишондодҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар давраи зикршуда бо Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

  • Нахуст дар мавриди корҳои анҷомёфта аз ҷониби кормандони мақомоти омор дар давраи ҳисоботӣ маълумот медодед ва мегуфтед, ки барои соли ҷорӣ боз чӣ нақшаҳои корӣ доред?

– Дар ин давра, дар умум 2569 кори оморӣ ба анҷом расонида шуд, ки аз ин 572 кор ба омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмон, 689 кор ба омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, 131 кор ба омори молия, 190 кор ба омори бақайдгирии нархҳо ва тарифҳо, 99 кор ба омори таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо, 228 кор ба омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ, 396 кор ба омори захираҳои моддӣ, савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва 264 кор ба омори нақлиёт, алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии пулакӣ тааллуқ дорад, ки аз иҷрои пурраи барномаи корҳои оморӣ шаҳодат медиҳад.

Бояд гуфт, ки иљрои дастуру супориш ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барномаи корҳои оморӣ дар соли 2024”, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардиданд, махсусан тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида таъмин намудани суръати рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2024 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз асоси барномаи кори мақомоти омор мебошад.

Мо нақша дорем, ки дар соли ҷорӣ дар самти саривақт, босифат ва давра ба давра амалӣ намудани чорабиниҳои Лоиҳаи “Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” аз рўи нақшаи тасдиқшуда иқдомҳои зиёдеро роҳандозӣ намоем. Ҳамчунин якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор барои пурзӯр намудани корҳо дар самти ташаккули омори расмӣ дар ҳамаи соҳаҳо тибқи Таснифоти миллии маҳсулот ва хизматрасонӣ ва тафсири дуюми Таснифоти намуди фаъолияти иқтисодӣ, омодагӣ ба гузариш ба стандартҳои такмилдодашудаи паҳнкунии иттилоот чорабиниҳо амалӣ карда мешаванд. Ҳамчунин гузаронидани санҷиши эътимоднокии маълумоти оморӣ аз рўи таъмини ҳуҷҷатгузориҳои аввалияи корхонаву ташкилотҳо ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи асосии мо таъмини пурраи фарогирии субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоботи оморӣ ва беҳтар намудани сифат, шаффофияти ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилооти оморӣ мутобиқи стандартҳои омори байналмилалӣ ва мукамалсозии механизми ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва шаклҳои ҳисоботҳои оморӣ мебошад.

  • Чандин сол аст, ки дар Тоҷикистон дар самти гузариш ба ҳисоботи электронӣ ва ба ин васила дар амалишавии Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои муассир амалӣ мешаванд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки гузариш ба ҳисоботи электронии оморӣ тақозои замон буда, дар таъмини сатҳу сифати баланди ҷамъоварӣ, таҳия, коркард ва пешниҳоди маълумоти шаффофи оморӣ, инчунин пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд. Дастовардҳо дар ин самт чӣ гунаанд?

– Баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо, дар баробари ҳамаи бахшҳои давлатдорӣ, фаъолият ҷиҳати ҷамъоварии омори дақиқу саҳеҳ ба тарзи бесобиқа густариш ёфта, аз ҷониби давлату Ҳукумат ба ин ниҳоди давлатӣ, яъне мақомоти омори ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Гузаштан ба низоми электронии ҳисоботҳо ҷиҳати рушди омори миллӣ як қадами устувор буд, ки воқеан мо дар ин самт муваффақ шудем. Бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмакҳои шарикони рушд дар семоҳаи якуми соли 2024 дар маҷмуъ ҳамаи шаклҳои ҳисоботҳои оморӣ бо дарназардошти тағйиру иловаҳо ба пуррагӣ ба шакли электронӣ гузаронида шуданд. Вобаста ба ин, Шўрои методологии Агентии омор ҳамаи шаклҳои ҳисоботиро бо дарназардошти тағйиру иловаҳо ва гузариши пурра ба усули электронии ҳисоботсупорӣ, бо Фармоиши Директори Агентӣ аз 26-уми январи соли 2024, №06 аз нав тасдиқ намуда, ба ҳамаи сардорони раёсату шуъбаҳо барои корбарӣ ирсол намуд.

Бояд гуфт, ки низоми электронӣ низомест, ки бо мақсади таъмини шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, сарфаи буҷаи давлатӣ ва мустаҳкам намудани алоқаи байни шаҳрвандон ва давлат ба роҳ монда шуда, монеаҳои молиявӣ, физикӣ, вақтию маконии ҳам сохторҳои давлатӣ ва ҳам шахсони воқеиро нисбатан кам мекунад.

Аз ин рӯ, таъмини рақамикунонии соҳаҳои калидии иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла бахши омори давлатӣ ба рушди маҷмӯи соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат таъсири амиқ мегузорад.

Роҳандозии низоми макзур ба ҳисоботсупорандагон имконият фароҳам овард, ки дар доираи дастурамали шаклҳои ҳисоботӣ бо ворид шудан ба утоқи шахсӣ, дархости электрониро хонапурӣ карда, бидуни ҳозир шудан ба мақомоти омор ҳисобот манзур намоянд.

Аз ин хотир, рӯ овардан ба низоми муосири коргузорӣ, яъне гузариш ба низоми электронӣ махсусан дар соҳаи омори давлатӣ яке аз шартҳои асосӣ дар ташаккули омори миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро татбиқи электроникунонии шаклҳои ҳисоботӣ монеаҳои муносибати байни мақомот ва шаҳрвандонро сифатан ва миқдоран кам ва дар пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва изофанависӣ муосидат намуда, сатҳи пешрафт ва дараҷаи дақиқияту эътимоднокиро баланд мебардорад.

  • Аз шарикони рушд ёдовар шудед. Агентии омор айни замон бо кадом созмону такшилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои судманд дорад?

– Агентии омор мисли солҳои қабл дар ин давра низ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ ва дигар ташкилотҳои шарик ҳамкориҳои судманд дошт. Лозим ба зикр аст, ки мо рӯзҳои 27 феврал то 1-уми марти соли 2024 дар Ҷаласаи 55-уми Комиссияи омории СММ тариқи ҳузурӣ иштирок ва вобаста ба мавзуи принсипҳои асосии омори расмӣ маърӯза доштем. Дар ҳошияи ин ҷаласа бо роҳбарони Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ, роҳбарони мақомоти омори давлатњои иштирокдори ИДМ ва роҳбарони як қатор ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ (Бонки Ҷаҳонӣ, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, омори давлатии Малайзия) дар мавзўи ҳамкориҳо ва расонидани кӯмаки техникӣ дар самти такмил ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани омори миллӣ вохӯриҳои корӣ анҷом дода шуд. Пас аз вохӯрӣ бо роҳбарони мақомоти омори давлатҳои Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Малайзия ва Чин лоиҳаи шартнома дар мувофиқа бо тарафҳо омода гардида, тибқи тартиби муайянгардида барои мувофиқа бо вазорату идораҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ирсол гардида, пас аз иҷрои талаботҳои муайянгардида шартномаи ҳамкориҳо аз ҷониби роҳбарони мақомоти омори тарафҳо ба имзо хоҳад расид.

Ҳамчунин 21-уми феврали соли 2024 ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд оид ба маълумоти оморӣ бо иштироки васеи намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагони вазорату идораҳо баргузор гардид. Дар он масъалаҳои мубрами ҳалталаб дар самти омор ва роҳҳои бартараф кардани онҳо баҳсу баррасӣ гардиданд.

Яке аз масъалаҳои матраҳшаванда дар чорабинии болозикр, ин ҳамчунин бо ҷалби шарикони рушд муайянсозии сарчашмаи маблағгузории Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи дуюми Стратегияи миллии рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2024-2030 ба ҳисоб меравад.

Қабл аз оғози ҷаласаи Шӯро бо иштироки роҳбари дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ кушодашавии Маркази таълимии Агентии омор сурат гирифт. Дар доираи Лоиҳаи “Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” таҷҳизот, аз қабили мизу курсӣ, компютерҳо, проектор, экран ва дигар таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ гардида, он пурра дар толори марказ насб шуда буд. Ба муҷаҳҳазгардонии маркази омӯзишӣ ва ба сифати корҳои анҷомдодашуда аз ҷониби роҳбари дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ баҳои баланд дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки барои ташкил кардани сохтори Маркази таълимӣ ва бозомӯзии кормандони мақомоти омор бо дастгирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 воҳиди корӣ дар сохтори Агентӣ таъмин гардид, ки воҳидҳои кории мазкур барои ташкил кардани мансабҳои директори марказ, муовини директори марказ, сармутахассиси марказ, мутахассиси пешбари марказ ва мутахассиси марказ истифода хоҳанд шуд.

  • Дар бораи ифтитоҳи маркази омӯзишӣ дар Агентӣ сухан кардед. Воқеан, маҳз кадрҳои баландихтисос боис ба пешрафти кор дар дилхоҳ соҳа мешаванд. Пешвои миллат ҳам дар ҳама суханрониҳояшон ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисос Агентӣ чӣ иқдомҳоро роҳандозӣ менамояд?

– Барои баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии кормандон аз ҷониби Агентӣ пайваста тадбирҳои лозим амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, барои баланд бардоштани сатҳи забономӯзии кормандони Агентии омори ҷумҳурӣ ва зерсохторҳои он аз ҷониби ширкати маҳалии ҶДММ “Панҷ ганҷ” дарсҳои забони русӣ ва англисӣ идома дошта, аз ҷониби мутахассисони Лоиҳаи “Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” ва шуъбаи кадрҳои Агентии омор мониторинг гузаронида шуда истодааст.

Ҳамчунин бо мақсади тарбияи кадрҳои баландихтисос ҳамасола дар асоси дархости Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчиёни давлатӣ ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Аз ҷумла, зиёда аз 9 нафар хатмкардагони магистратураи Академияи идоракунии давлатӣ ҳам аз Дастгоҳи марказӣ ва ҳам аз мақомоти омори маҳаллӣ баъди хатми магистратура ба мансабҳои пештараашон баргашта, фаъолият доранд ва баъзе нафарашон ба мансабҳои баландтар гузаронида шудаанд. Инчунин хизматчиёни давлатии мақомоти омори давлатӣ мунтазам ба курсҳои кӯтоҳмуддат, бозомӯзӣ ва азнавтайёркунӣ фаро гирифта мешаванд.

  • Баланд бардоштани мавқеи занон ва ҷалби онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҳамеша аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад. Дар ин самт дар Агентӣ чӣ корҳо анҷом ёфтанд?

-Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба болоравии мавқеъ ва манзалати зан дар ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат намуда, дар Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз занону бонувон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳми худро гузошта истодаанд. Аз ҷумла, дар рушди соҳаи омори миллӣ низ, нақши занону бонувон имрӯз хеле назаррас аст.

Айни замон, дар мақомоти омори давлатӣ беш аз 182 нафар занон кору фаъолият намуда, 40 фоизи шумораи умумии кормандонро ташкил додаанд, ки 31 нафари онҳо дар ҳайати роҳбарикунанда масъулияти баланди касбиро ба зимма доранд.

Мавриди зикр аст, ки имсол аз тарафи роҳбарияти Агентии омор ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22 апрели соли 2022 “Дар бораи барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2020-2030” иқдоми амалӣ гирифта шуда, аз ҳисоби занҳои соҳибтаҷрибаву кордон ва бомасъулият ду нафар ба вазифаҳои сардорони мақомоти омор дар ноҳияҳои Варзоб ва Синои шаҳри Душанбе таъйин гардида, ду нафари дигар ба вазифаҳои сардорони мақомоти омор дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе пешниҳод гардиданд, ки ин иқдом дар оянда ҳам идома хоҳад ёфт.

– Табиист, ки самаранокии ҷамъоварии омор бевосита ба фаъолияти шуъбаву бахшҳои маҳаллӣ вобастагӣ дорад. Фаъолияти бахшҳои оморро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Албатта, фаъолияти бахшу шуъбаҳои мақомоти омор дар шаҳру ноҳияҳои кишварро қаноатбахш медонем ва ҳамчунин барои пешрафти кори онҳо ҳамасола иқдомҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Бунёд ва таъмири биноҳои корӣ, ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб кардани кормандони бахшҳо ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Агентӣ қарор дорад. Дар ин давра низ дар ин самт корҳои зиёд амалӣ шуданд.

Аз ҷумла, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, №537 барои иҷрои сохтмони иншоотҳои сохташавандаи биноҳои маъмурии мақомоти омори маҳалӣ аз ҳисоби маблағҳои муттамаркази буҷети давлатӣ дар соли 2024 ба маблағи 1,0 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Барои идомаи сохтмони бинои маъмурии бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ба маблағи 100,0 ҳазор сомонӣ, оғози корҳои сохтмонии бинои маъмурии Раёсати Агентӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба маблағи 350,0 ҳазор сомонӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва пардохти ҷубронпулиҳо барои ҳавлиҳои атрофи бинои маъмурии шуъбаи Агентии омор дар ноҳияи Данғара ба маблағи 200,0 ҳазор сомонӣ, идомаи сохтмони шуъбаи Агентӣ дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба маблағи 300,0 ҳазор сомонӣ ва оғози корҳои лоиҳакашии бинои маъмурии шуъбаи Агентӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба маблағи 50,0 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Маврид ба зикр аст, ки корҳои баитмомрасонии сохтмони бинои маъмурии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар дар марҳилаи иҷро қарор доранд.

Ҳамчунин барои таъмини бахшҳо бо планшету ноутбук ва дигар таҷҳизоти зарурии фаъолият то ин замон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд иқдомоти муассир амалӣ шудаанд.

  • Ташаккур барои суҳбати самимӣ!



0 комментария к “ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА: ҲАМАИ ҲИСОБОТҲОИ ОМОРӢ БА ШАКЛИ ЭЛЕКТРОНӢ ГУЗАРОНИДА ШУДАНД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...