Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР

Имрӯз, дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовара оиди ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо то охири сол баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Агентӣ ва мақомоти маҳаллии омор иштирок доштанд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо кушода эълон намудани ҷаласа нахуст таъкид намуд, ки дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, доир ба ошкор ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Муовини Директори Агентии омор Назарзода Зарина дар бораи фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 муфассал маърӯза намуда, зикр кард, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳбаландӣ ва қувваю нерӯи тоза аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023, фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро сармашқи кори худ қарор дода, семоҳаи якумро бо як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуд.

Гуфта шуд, ки мақомоти омор дар давраи сипаришуда тибқи “Барномаи корҳои оморӣ” дар маҷмуъ 2569 кори омориро ба анҷом расонид, ки 100 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 572 кор ба омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмон, 689 кор ба омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, 131 кор ба омори молия, 190 кор ба омори бақайдгирии нархҳо ва тарифҳо, 99 кор ба омори таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо, 228 кор ба омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ, 396 кор ба омори захираҳои моддӣ, савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва 264 кор ба омори нақлиёт, алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии пулакӣ тааллуқ дорад, ки аз иҷрои пурраи барномаи корҳои оморӣ шаҳодат медиҳад.

Гузариш ба ҳисоботи электронии оморӣ тақозои замон буда, дар таъмини сатҳу сифати баланди ҷамъоварӣ, таҳия, коркард ва пешниҳоди маълумоти шаффофи оморӣ, инчунин пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.

Дар ин бора муовини Директори Агентӣ Назарзода Зарина иброз намуд, дар давоми соли 2023 низоми ҷамъоварӣ ва коркарди 232 шакли ҳисоботи оморӣ, ки аз онҳо 132 шакли ҳисоботи омории давлатӣ ва 100 шакли ҳисоботи байниидоравиро ташкил додаанд, ба пуррагӣ бо усули элекронӣ роҳандозӣ карда шуда, айни замон корҳо дар самти интегратсияи маълумотҳо бо вазорату идораҳо идома дорад.

Дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии омор дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.

  • Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумоти омории тавсифкунандаи ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд.

Дар охири кори ҷаласа аз тарафи Директори Агентӣ оиди таъмини муътамаднокӣ ва саривақтии маълумоти омории пешниҳодшаванда мутобиқ ба методологияи ташаккули омори расмӣ, фарогирии пурраи субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоботи оморӣ, мақсаднок ва самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, ғайринақдӣ амалӣ намудани амалиётҳои молиявӣ, назорати ҳамарӯзаи пурра ба ҳисобот фаро гирифтани истеҳсоли молу хизматрасониҳо, назорати мунтазам ҷиҳати пур кардани китобҳои хоҷагидорӣ дар ҷамоатҳо ва дар баробари ин, ворид кардани маълумотҳо дар барномаи электронии китоби хоҷагӣ, фарогирӣ ва дар ҳисоботҳои омории ҷорӣ ворид намудани объектҳои ҷашнии вобаста ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар байни кормандон ва аҳли оилаҳои худ мунтазам бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 9 марти соли 2024 ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар ироа гардид, риояи интизоми ҳисоботқабулкунӣ, низоми беҳдоштӣ, сару либоси хизматчии давлатӣ ва реҷаи кор, иҷрои муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,“Дар бораи забони давлатӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.




0 комментария к “ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...