Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Эълон барои ҷалби кормандони муваққатӣ

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби кормандони муваққатӣ (операторони воридкунандаи маълумот – 7 нафар, мутахассисони сканеркунанда – 2 нафар, барномасоз -  1 нафар ва ҷобаҷокунандагони маводҳо -2 нафар), эълон мекунад.

Талаботи минималлӣ:

- маълумоти олӣ ё миёнаи техникӣ;

- қобилияти кор дар компютер ва воситаҳои техникии муосир;

- донистани барномаҳои компютерӣ (барои барномасоз);

- таҳияи барномаи компютерӣ (барои барномасоз);

- малакаи кор дар гуруҳ ва шароитҳои ғайримуқаррарӣ.

 

Хамаи шахсони хоҳишманд, метавонанд маълумотномаи худро бо замимаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумот, нусхаи шиноснома, нусхаи рамзи мушаххаси андозсупоранда (ИНН) то соати 16.00 рузи 4 январи соли 2019 ба почтаи электронии stat@tojikiston.com бо сарлавҳаи “Барӯйхатгирии аҳолӣ” ирсол намоянд. Маълумоти иловагиро бо телефонҳои 221 37 21 ва 227 58 51 гирифтан мумкин аст.

Номзадҳои аз озмоиш гузашта моҳҳои январ – феврали соли 2019 ба кор ҷалб карда мешаванд.

 

                                                                              Агентии омори назди

                                                                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашр шудааст: 24.12.2018