Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Озмун барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати

 давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд:

Шуъбаи нархҳо ва тарифҳо

сардори шуъба - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1847 сомонӣ 60 дирам;

сармутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1380 сомонӣ;

 

Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ

мутахассиси пешбар - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1124 сомонӣ 70 дирам;

 

Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия

сармутахассис - 2 ҷой, маоши мансабӣ 1380 сомонӣ;

 

Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон

сармутахассис - 2 ҷой, маоши мансабӣ 1380 сомонӣ;

 

Раёсати омори савдо ва хизматрасонӣ

мутахассиси пешбар - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1124 сомонӣ 70 дирам; мутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 924 сомонӣ 60 дирам;

Раёсат омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист

мутахассиси пешбар - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1124 сомонӣ 70 дирам;

Шуъбаи методологияи оморӣ ва таснифот

мутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 924 сомонӣ 60 дирам;

Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар шаҳри Турсунзода

сармутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1131 сомонӣ 60 дирам;

мутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 724 сомонӣ 50 дирам;

 

Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Рудакӣ

мутахассиси пешбар - 1 ҷой, маоши мансабӣ 924 сомонӣ 60 дирам;

 

Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар шаҳри Ваҳдат

мутахассиси пешбар - 1 ҷой, маоши мансабӣ 924 сомонӣ 60 дирам; 

 

Шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Шаҳринав

мутахассиси пешбар - 1 ҷой, маоши мансабӣ 924 сомонӣ 60 дирам;

 

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Лахш

мутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 724 сомонӣ 50 дирам;

 

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Нуробод

мутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 724 сомонӣ 50 дирам;

 

Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгӯ бошанд:

Барои сардори шуъбаи нархҳо ва тарифҳо – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Барои сармутахассисон - таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Барои мутахассисони пешбар - таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор), 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Барои мутахассисон - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);

Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмӣ мебошад.

Давталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намояд:

- аризаи шахсӣ ба унвони директори Агентӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- 2 дона расми андозаи 3х4;

- нусхаи хуҷҷатҳо дар бораи таҳсолот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:

ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар 17, утоқи кори №301 ва №308

Тел: 227-63-24; 221-57-21; Fах: 221-43-75;

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 21 рӯз пас аз нашри эълон.

 

Нашр шудааст: 08.10.2021