25.04.25
Дигар шудани муносибатҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, муносибатҳое, ки дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ба амал омадаанд, барои рушди иқтисодии мамлакат нақши хеле муҳим гузоштаанд. Ҳоло бо боварӣ метавон гуфт, ки соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ зина ба зина рушд меёбад.
Аз ин ҷост, ки тибқи маълумоти оморӣ тариқи «Равзанаи ягона» то 1 апрели соли 2025 дар миқёси ҷумҳурӣ 376,7 ҳазор субъекти хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 18,2 ҳазор ё 5,1 фоиз зиёд мебошад.
Аз ин шумора 335 ҳазору 153 ададашро соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳазору 651 адад зиёд шудааст.
Аз инҳо 53,6 ҳазор нафар тибқи патент, 38,0 ҳазор нафар бо шаҳодатнома, 62,9 ҳазор соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 180,7 ҳазор соҳибкори инфиродии хоҷагии деҳқонӣ мебошанд.
Инчунин, ба ҳолати 1 апрели соли 2025 аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда дар ҳудуди ҷумҳурӣ 41 ҳазору 526 ададро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1588 адад зиёд мебошад.
0 комментария к “То 1 апрели соли 2025 дар кишвар 376,7 субъекти хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст”