Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҲОРАТУ МАЛАКАИ РОҲБАРИИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР АГЕНТИИ ОМОР

ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҲОРАТУ МАЛАКАИ РОҲБАРИИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР АГЕНТИИ ОМОР

Санаи 12 сентябр дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ дар асоси нақшаи амали “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳи 2023-2030” баргузор гардид.

Тренинги мазкур ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи роҳбарӣ, дониши ҳуқуқию сиёсии занону бонувоне, ки дар вазорату идораҳои давлатӣ кору фаъолият менамоянд, баргузор гардида, дар он кормандони Агентии омор аз ҳисоби занону бонувон иштирок намуданд.

Намояндагон аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш зикр намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Ин аст, ки сафи занону бонувони роҳбарикунанда сол то сол афзуда, онҳо бо илму хирад, соҳибмаърифатию соҳибхирадӣ, завқи баланд ва дилу виҷдони пок фаъолияти хешро дар ин ё он соҳа бомуваффақият ва сарбаландона ба роҳ мемонанд.

Дар интиҳои тренинг раиси Шурои занону бонувони Агентӣ Зарина Қодирова низ суханроӣ намуда, зикр кард, ки бо дастуру супориш ва дастгирии бевоситаи Роҳбарияти олии кишвар сафи занону бонувон рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз занону бонувон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳми худро гузошта истодаанд. Аз ҷумла, дар рушди соҳаи омори миллӣ низ, нақши занону бонувон имрӯз хеле назаррас аст.

Айни замон, дар мақомоти омори давлатӣ беш аз 209 нафар занон кору фаъолият намуда, 44,1 фоизи шумораи умумии кормандонро ташкил додаанд, ки 43 нафари онҳо дар ҳайати роҳбарикунанда масъулияти баланди касбиро ба зимма доранд.

Мавриди зикр аст, ки имсол аз тарафи роҳбарияти Агентии омор ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22 апрели соли 2022 “Дар бораи барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2020-2030” иқдоми амалӣ гирифта шуда, дар ҳоли татбиқшавӣ қарор дорад.




0 комментария к “ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҲОРАТУ МАЛАКАИ РОҲБАРИИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР АГЕНТИИ ОМОР

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон