02.03.24
29 феврали соли ҷорӣ дар ҳошияи ҷаласаи 55-уми Комиссияи омории СММ вохӯрии навбатии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбари мақомоти омори давлати Малайзия ҷаноби Моҳд Узир Маҳидин сурат гирифт.
Ҷонибҳо аз вохӯрии навбатӣ изҳори хушҳолӣ намуда, доир ба масъалаҳои марбут ба раванди оғозёбии расмии ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти омори Тоҷикистон ва Малайзия, ирсоли мактубҳои расмӣ, муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ ва дар ин замина ташкили семинарҳои омӯзишии маҷозӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон, вохӯрии ҳайати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти омори Кореяи Ҷанубӣ, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Халқии Чин ва дигар намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ сурат гирифт, ки дар ин вохӯриҳо масъалаи вусъат бахшидани ҳамкориҳои минбаъда мавриди баррасӣ гардиданд.
0 комментария к “ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТИ МАЛАЙЗИЯ ВА ДИГАР НАМОЯНДАГОН”