Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрии Директори Агентии омор бо роҳбари Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото

Вохӯрии Директори Агентии омор бо роҳбари Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото

22 апрели Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбари Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото вохӯрӣ намуд.

Вохӯрии мазкур идомаи гуфтушунидҳои Директори Агентии омор бо роҳбари бахши иқтисодии Бонки Осиёии Рушд хонум Элаёне Тан, ки дар ҳошияи ҷаласаи 56-уми Комиссияи оморӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА сурат гирифта буд, ба ҳисоб рафт. Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ тариқи маҷозӣ дигар коршиносони дафтари асосии Бонки Осиёии Рушд иштирок намуданд.

Ҷонибҳо ташкили чунин як вохӯриро хело зарурӣ ва саривақтӣ ҳисобида, дар ин раванд вобаста ба ҳамкориҳои Агентии омор бо Бонки Осиёии Рушд, иҷроиши як қатор корҳо ва густариши ҳамкориҳоро дар самти зиёд намудани кадрҳои баладихтисос муҳокимаронӣ намуданд.

Масъалаи асосие, ки аз ҷониби Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ин дастгирии Бонки Осиёии Рушд дар самти гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ буд. Ҷамшед Нурмаҳмадзода нишондиҳандаҳои кишоварзӣ ва саҳми соҳаи мазкурро дар Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ муҳим дониста, ҳамзамон гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзиро як қисми муҳими ин соҳа унвон намуд. Зеро ҳадафи асосии гузаронидани ин чорабинии муҳим, ин пеш аз ҳама ҷамъ овардани маълумоти дақиқ оид ба соҳаи кишоварзӣ буда, иттилооти ҷамъовардашуда барои пешбурди сиёсати макроиқтисодӣ истифода мешавад.

Роҳбари Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото низ масъалаи гузаронидани баруйхатгирии кишоварзиро муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки дар доираи имкониятҳои Бонки Осиёии Рушд масъалаи маблағгузорӣ намудани барӯйхатгириро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.




0 комментария к “Вохӯрии Директори Агентии омор бо роҳбари Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон