01.08.24
“Ҳадаф аз қабули қонуни мазкур дар таҳрири нав, пеш аз ҳама дар баробари пешрафтҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва густариш ёфтани вазъи ҷомеаи имрӯза, зарурати ба танзим даровардани паҳлӯҳои соҳаҳои мазкур, аз ҷумла бо тағйиру иловаҳои қонунҳо ва ё қабули қонуну санадҳои нави соҳавӣ ҷиҳати пешбурди ҳаёти ҷомеа ба миён меояд. Бинобар ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 20-уми июни соли 2024 таҳти №2048 дар таҳрири нав қабул гардид, ки аз 6 боб ва 22 модда иборат мебошад. Дарвоқеъ, қабули қонуни мазкур, дар рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошт, расму оинҳои азбайнрафта, ба таври шоиста муаррифӣ намудани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою пурғановати миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад”– чунин иброз доштааст дар мақолаи худ Ҷамшед Солихов, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар идома чунин менависад:
Лозим ба ёдоварист, ки 8-уми июни соли 2007 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки аз 5 боб ва 16 модда иборат буд. Таҷрибаи татбиқи Қонуни миллӣсобит сохт, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон ин санади меъёрии ҳуқуқӣ такмил дода шавад. Бинобар ин, тайи 16 соли амали қонуни мазкур чор маротиба (16 июни соли 2008, 21 июли соли 2010, 28 августи соли 2017 ва 25 июни соли 2021) тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Тазаккур бояд дод, ки то инҷониб як қатор санадҳои танзимкунандаи соҳа, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июли соли 1999 «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 «Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000, Тавсиянома «Оид ба танзими расму ойинҳо ва ҷашну маросими мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият мекарданд, ки ҷиҳати зиёдаравии аҳолӣ дар баргузор кардани маъракаҳо ва таҷлили ҷашнҳои мардумӣ, ҷилавгирӣ аз сарфу хароҷоти бемаънӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣравона гардида буданд. Вале дар ин муддат қонуншиканиҳо аз ҷониби баъзе аз сокинони мамлакат ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасид. Бо ин мақсад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 баён доштанд, ки “…Бинобар ин, мувофиқи мақсад меҳисобам, ки бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад”.
Қобили қайд аст, ки тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 аз ҷониби судҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣвобаста ба моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 826 парванда баррасӣ гардидааст, ки дар қиёс ба соли қаблӣ 56 ҳолат зиёд мебошад. Аз теъдоди умумӣ 8 парванда қатъ карда шуда, вобаста ба 818 ҳолати боқимона қарори дахлдор бароварда шудааст. Маблағи умумии ҷаримаҳо 4 миллиону 689 ҳазору 502 сомониро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 501 комиссияи доимии танзими ҷашну маросим дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияву ҷамоатҳои шаҳру деҳот амал менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 иброз доштанд, ки «Қонуни танзим чӣ қадар сабукӣовард, чӣ одатҳои барои мардум мушкилро аз байн бурд, зиндагии чӣ қадар оилаҳо беҳтар шуд ва чӣ қадар ақди никоҳ зиёд шуд, худатон медонед».
Воқеан ҳам, қонуни мазкур дар ташаккули ҳаёти иқтисодии оилаҳо, мусоидат ба сифати таҳсилот дар соҳаи маориф, дар ободиву рушди шаҳру ноҳияҳо, деҳаву маҳаллаҳои аҳолинишин ва зиёдшавии теъдоди хонадоршавии оилаҳои ҷавони кишвар замина гузошт. Масалан, агар дар соли 2009 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣзиёда аз 100 ҳазор ҳолати бастани ақди никоҳ ва қариб 6000 ҳолати бекор кардани ақди никоҳро (3770 ақди никоҳ бо қарори судҳо) ба қайд гирифта бошад, тибқи маълумотҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рақам дар зарфи 16 соли қабули қонуни мазкур, яъне аз соли 2007 то соли 2023-юм ба 1 млн. 596 ҳазору 806 нафар баробар гардид. Ҳамзамон, дар ин давра мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 5946 ҳолати бастани ақди никоҳи хайриявӣ, ки аз ҷониби саховатмандону накӯкорон доир гардида буд, ба қайд гирифта шуд. Дар ҳамин давра, нисбати 8393 нафар барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои зарурӣандешида шуданд. Ҳамзамон, дар шаш моҳи соли 2024 баргузории тӯйи арусию домодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 35,9 ҳазорро ташкил дод.
Бешубҳа метавон гуфт, ки татбиқи қонуни болозикр ҷиҳати танзими маъракаҳои серхарҷу пурдабдаба ва мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣбурдани коршиносон дар байни аҳолӣ ва ба ин васила баланд бардоштани фарҳанги хоҷагидории сокинони мамлакат мусоидат менамояд.
Дар баробари амалӣгаштани қонун ва дар сатҳи ҳар як хонаводаи сокини мамлакат мушаххасан дарк намудани моҳияти он ва дар ин замина камхарҷ гузаронидани маъракаҳову ҷашнвораҳо пасандоз намудани маблағҳои зарурӣ ба беҳтарсозии фазои зиндагии хонаводаҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароит барои таҳсилу забономӯзӣ, шарафманд шудан ба дастовардҳои илмию варзишӣ, таҳсил намудан дар донишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ, сазовор шудан ба зиндагии шоиста ва ба ин монанд даҳҳо муваффақиятҳое ҳастанд, ки маҳз аз баракати қонуни болозикр сазовор гаштем.
Ёдовар бояд шуд, ки тибқи маълумотҳои расмӣ то қабули қонуни мазкур, аниқтараш соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон барои баргузории маъракаҳои домодию арусӣ, маросими азодорӣ, хатна, зодрӯз, ҳаҷ, ва дигар ҷашнвораҳо зиёда аз 4 млрд. сомонӣ маблағ харҷ намудаанд. Бо татбиқи самараноки Қонуни миллӣ, таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сатҳи баланди маърифатнокии сокинони кишвар ин рақам дар соли 2023-юм қариб 521 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати соли 2006-ум бештар аз 7 баробар коҳиш ёфтааст.
Ҳамин тавр, барои дар амал татбиқ намудани он ҳадафу вазифаҳо ва муқаррароте, ки ҳам аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузошта шудаанд, зарур аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бо дарки амиқ вазифаҳои дар қонуни мазкур муайяншударо риоя намуда, аз ҷониби мутахассисони соҳа, аз ҷумла зиёиён, руҳониён, омӯзгорон ва коршиносони соҳа мунтазам корҳои тарғиботиву ташвиқотӣгузаронида шуда, дар татбиқи бандҳои қонун ҳиссаи худро гузоранд.
0 комментария к “ЗАРУРАТИ ДАР ТАҲРИРИ НАВ ҚАБУЛИ НАМУДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН””