02.03.24
Дар моҳи январи соли 2024 корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 3 миллиарду 631,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба моҳи январи соли 2023 (бо нархҳои муқоисавӣ) 6,0 фоиз зиёд мебошад.
Омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 16,4 фоиз, саноати коркард – 7,0 фоиз, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 8,2 фоиз ба амал омадааст.
0 комментария к “АФЗОИШИ ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ДАР МОҲИ ЯНВАРИ СОЛИ ҶОРӢ”