Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

АГЕНТИИ ОМОР БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҶАЛАСА БАРГУЗОР НАМУД

АГЕНТИИ ОМОР БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҶАЛАСА БАРГУЗОР НАМУД

Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарияти Агентии омор, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Агентӣ иштирок намуда, вобаста ба арзшиҳои бемисли забони ноби тоҷикӣ ибрози андеша намуданд.

Муовини Директори Агентии омор Назарзода Зарина таъкид дошт, ки дар шароити кунунӣ ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ, истифода ва риоя аз истилоҳоти забони тоҷикӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият мояи пешрафти кор дар соҳа хоҳад буд.

Гуфта шуд, ки забони тоҷикӣ яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат, бақои давлату давлатдории миллӣ ва рамзи ҳамбастагию иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон ва кулли тоҷикони ҷаҳон аст.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифз ва нигоҳдошти забон, ки яке аз рукнҳои давлтдории миллӣ маҳсуб мешавад, тадбирҳои судманд андешида шудаанд.

Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми Пешвои миллат мавқеи забони тоҷикӣ устувор гардид. Ин аст, ки дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири Созмони Милали Муттаҳид Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони ноби тоҷикӣ сухан намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли масъалаҳои мубрами сайёра даъват менамоянд. Садо додани суханрониҳои Сарвари давлат бо забони давлатӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои муътабари байналмилалӣ мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Дар ҳамоиш аз ҷониби намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Эраҷ муҳимтарин масъалаҳои забон ва таҳкими минбаъдаи он мавриди баррасӣ қарор гирифта, баён гардид, ки мояи ифтихор аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ рушд намуда, ҳамчун забони илм муаррифӣ мешавад.

Дар анҷоми ҷаласа мубодилаи афкор анҷом дода шуд.




0 комментария к “АГЕНТИИ ОМОР БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҶАЛАСА БАРГУЗОР НАМУД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон