06.03.25
Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад роҳбарият, кормандони Агентӣ ва Сарраёсати Агентии омор дар шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Ҷамъомади идонаро нахуст, муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло Асват ҳусни оғоз бахшида, бо таъкид аз фаъолияти пурсамари занону бонувони мақомоти омор ба онҳо Рӯзи Модарро, ки аз омадани зеботарин фасли табиат – баҳори нозанин башорати неку саодатмандӣ медиҳад, самимона таҳният гуфт.
Асо Нурулло саҳми занону бонувонро дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва беҳбудии сатҳи некуаҳволии мардум арзанда унвон кард.
Ҳамзамон аз тарафи муовини якум паёми табрикии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба самъи занону бонувон ва аҳли корандон расонида шуд.
Сардори Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентӣ ба сухан баромада, аз номи роҳбарияти муассисаи мазкур занону бонувонро табрик намуд.
Дар ҷамъомад аз ҷониби кормандон дар васфи модар шеърҳо қироат карда шуд.
Асо Нурулло таъкид дошт, ки дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи занону бонувон роҳбарияти Агентии омор низ, ҳамасола занону бонувони мақомотро барои саҳми назаррас гузоштанашон дар рушду нумӯи соҳаи омори давлатӣ бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ менамояд.
Ба ин хотир, дар интиҳои ҷамъомад занону бонувони фаъол аз тарафи роҳбарияти Агентӣ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
0 комментария к “АГЕНТИИ ОМОР РӮЗИ МОДАРРО БО ТАНТАНА ТАҶЛИЛ НАМУД”