Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ба нақша гирифта шудааст, ки Осиёи Марказӣ системы низоми «DesInventar–Sendai» барои коҳиши хавфи офатҳои табииро ҷорӣ намояд

Ба нақша гирифта шудааст, ки Осиёи Марказӣ системы низоми «DesInventar–Sendai» барои коҳиши хавфи офатҳои табииро ҷорӣ намояд

Санаи 7 августи соли 2020 Дафтари минтақавии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ (UNDRR) дар якҷоягӣ бо Фонди таҳқиқотии (CIMA) ва Маркази Осиёии омодагӣ ба офатҳои табиӣ (ADPC) аввалин семинари фосилавиро дар реҷаи онлайн барои кишварҳои Осиёи Марказӣ вобаста ба системаи “DesInventar-Sendai” тариқи (барномаи компютерӣ) гузаронида шуд.

Дар ҷаласаи коршиносон оид ба масъалаҳои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва коршиносони омор аз кишварҳои зерин: Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва намояндагии Дафтари минтақавии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ (UNDRR), Фонди таҳқиқотии (CIMA) ва Маркази Осиёии омодагӣ ба офатҳои табиӣ (ADPC) иштирок намуданд.

Барои тартиб додани механизми баҳисобгирии зарар ва талафот дар натиҷаи офатҳои табиӣ, ки як қисми иқдоми минтақавии (UNDRR) мебошад кӯмак расонида вобаста ба “Баланд бардоштани устуворӣ ба офатҳои табиӣ ва ҷиҳати иҷрои Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай оиди паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ”, аз ҷониби иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи асосии гузаронидани чорабинии мазкур бо низоми “DesInventar-Sendai” барои мунтазам ҷамъоварии маълумотҳо, ҷуҷҷатгузорӣ ва таҳлили иттилоот марбут ба талафот дар натиҷаи офатҳои табиӣ рӯхдода равона гардида дар оянда барои омода ва таҳия намудани ҳисоботҳои миллӣ доир ба татбиқи Барномаи қолабии Синдай оид ба коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор тавассути онлайн – назорат мусоидат мекунад.

Ҷорӣ намудани системаи низоми “DesInventar Sendai” бештар ба 90 кишвари ҷаҳон барои таҳияи устувор, системаи идоракунии иттилоот дар бораи офатҳои табиӣ, ҳамоҳангӣ бо раванди мониторинги чаҳорчӯбаи Барномаи Сендай кӯмак намудаст.

Система имкон медиҳад, ки таҳлили тамоюлҳо ва таъсири офатҳои табииро ба воситаи доираи васеи соҳавӣ ва иҷтимоию-иқтисодӣ муайян менамояд. Сифати асосӣ ва афзалиятҳои системаи “DesInventar Sendai” ин нигоҳ доштани муколама оид ба идоракунии хавфҳо ва банақшагирии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ байни тамоми тарафҳои манфиатдор, аз сатҳи маҳал то сатҳи минтақаро дар бар мегирад.




0 комментария к “Ба нақша гирифта шудааст, ки Осиёи Марказӣ системы низоми «DesInventar–Sendai» барои коҳиши хавфи офатҳои табииро ҷорӣ намояд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон