23.04.24
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати боздид аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва ҳолати парвариши сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳо сафари корӣ анҷом дод. Дар ин сафар Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро муовини якуми Директори Агентӣ Асо Нурулло ҳамроҳӣ намуд. Ҷамшед Нурмаҳмадзода пас аз боздиди як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз шароити кории кормандони Раёсати Агентии омор дар шаҳри Турсунзода дидор ба амал овард.
Баъди шиносоӣ бо шароити корӣ, дар бинои Раёсати Агентии омор дар шаҳри Турсунзода ба кормандони соҳа суҳбати озод намуда, ба онҳо дар самти фаъолияти босамар ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва роҳбарияти Агентии омор дастуру маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуд, ки сатҳи қабули ҳисоботҳои омориро ба ҳисоботсупорандагон дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати пешрафти соҳаи омор бо масъулияти баланд ва поквиҷдонона фаъолият намоянд.
0 комментария к “БОЗДИД АЗ РАЁСАТИ ОМОРИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА”