05.11.24
Мувофиқи Матритсаи комиссияи Аврупоии Ислоҳоти Сиёсати Меморандум дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ оид ба Барномаи бехатарии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмин намудани низоми иттилооти таъҷилӣ ва таҳлили вазъи бехатарии озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва мўътамадии маълумотҳо, огоҳонидани истифобарандагони маълумотҳои бехатарии озуқаворӣ, инчунин, дар бораи таҳия ва нашри буллетен ҳар семоҳа оид ба бехатарии озуқаворӣ қарор қабул карда шуда буд. Агентии омор аз соли 2005 ин ҷониб, оид ба бехатарии озуқаворӣ маводҳои таҳлилӣ пешниҳод менамояд. Ин буллетени таҳлилӣ дар се моҳ як маротиба бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) аз нашр мебарояд.
«Мафҳуми бехатарии озуқаворӣ дастрас будани озуқаворӣ ба ҳамаи одамон ҳама вақт барои ҳаёти солим ва фаъолона зарур мебошад. Яъне таҳти мафҳуми бехатарии озукаворӣ ба миқдори кофӣ мавҷуд будани хўрокворӣ, хўроквории зикршударо дастрас кардани хонаводаҳо (чӣ аз бозор ва чӣ аз дигар манбаъ, ки қобилияти кофии харидорӣ ба эътибор гирифта мешавад), инчунин ба миқдори зарурӣ истеъмол кардани хўрокворӣ дар назар дошта мешавад».
Маълумотҳои заминавӣ барои буллетен оид ба бехатарии озуқаворӣ инҳоянд: истеҳсоли маҳсулоти озуқа, мавҷуд ва дастрас будани озуқаворӣ, замини кишт, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хусусиятҳои умумии иқлим, вазъияти истеъмол ва саломатӣ, бо об таъмин будан, нарх ва нишондиҳандаҳои миқдорӣ, ки аз вазъияти бозори озуқаворӣ шаҳодат медиҳанд.
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа нашри буллетени иттилоотӣ дар бораи бехатарии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иштироки як қатор вазорату идораҳо (Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ ва ғайраҳо) таҳия ва нашр менамояд.
Нашрия барои мутахассисон ва ҳам барои ҳамаи хоҳишмандон равона карда шудааст.
0 комментария к “Буллетени омории семоҳаи “Бехатарии озуқаворӣ ва камбизоатӣ дар семоҳаи дуюми соли 2024” ба нашр расид”