02.03.24
Аз Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Агентии омор иттилоъ доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории кишвар дар моҳи январи соли ҷорӣ 104,5 фоизро ташкил дод.
Давоми моҳи январи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории мамлакат дар ҳаҷми 1 миллиарду 16,6 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ ҳудуди 8,4 миллион сомонӣ ё 121,8 фоиз ва маҳсулоти чорвопарварӣ 1008,2 миллион сомониро ташкил додаааст.
Тавлиди маҳсулоти растанипарварӣ дар ин муддат 19,9 фоиз ва маҳсулоти чорвопарварӣ 4,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
“Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 18,8 фоиз, хоҷагиҳои деҳқонӣ 6,7 ва аҳолӣ 74,5 фоизро ташкил додаст”, – иттилоъ доданд аз раёсати мазкур.
0 комментария к “ДАР ҲАҶМИ УМУМИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ҲИССАИ ХОҶАГИҲОИ АҲОЛӢ 74,5 ФОИЗРО ТАШКИЛ ДОДАСТ”