Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 250 ҲАЗОР ДУХТАРОН МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИРО ХАТМ НАМУДАНД

ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 250 ҲАЗОР ДУХТАРОН МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИРО ХАТМ НАМУДАНД

Тибқи маълумоти оморӣ, то соли 1989 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занон соҳиби маълумоти олӣ будаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ 256 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд, ки ин аз дастгириҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занон дарак медиҳад.

Дар ин давра 11 500 духтар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар ин давра 222 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло 100 ҳазор духтар дар ин муассисаҳо таҳсил доранд.

Тибқи маълумоти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оғози соли 2024 шумораи занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4569 нафар ё 25,1 дарсадро ташкил дод. Аз ҷумла, тақрибан 1100 нафар ё 19 дарсади онҳо имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд.

Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 дарсад, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 дарсадро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, 49,3 дарсади аҳолии мамлакатро занон ташкил медиҳанд.

Дар айни замон тақрибан 71 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм, 47 фоизи кормандони фарҳанг, 39 фоизи кормандони бонк, 25 фоизи кормандони алоқа, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 дарсад ва зиёда аз 23 фоизи онҳоеро, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону духтарон ташкил медиҳанд.

Татбиқи сиёсати гендерӣ дар мамлакат бо ташаббусу дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила самаранок вусъат меёбад. Имрӯз зани тоҷик дар вазифаҳои баландтарин, аз ҷумла муовини Сарвазир, вазир ва дигар мансабҳои баландпоя фаъолият менамояд.

Ҷалби занон дар соҳаи хизмати давлатӣ низ дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

“Ховар”




0 комментария к “ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 250 ҲАЗОР ДУХТАРОН МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИРО ХАТМ НАМУДАНД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон