Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ДАВОМИ 9 МОҲ 1,2 МИЛЛИОН ХОРИҶӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БОЗДИД НАМУДААНД

ДАВОМИ 9 МОҲ 1,2 МИЛЛИОН ХОРИҶӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БОЗДИД НАМУДААНД

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳимми рушди иқтисоди кишвар ба ҳисоб рафта, солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳа босуръат рушд карда истодааст.

Ин аст, ки ҳамасола боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш меёбад.

Дар давоми 9 моҳи соли 2024 зиёда аз 1 миллиону 223,2 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намуданд. Ин нишондиҳанда — 195,6 ҳазор нафар ё 19 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, беш аз 941,3 ҳазор нафари онҳо тибқи методологияи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мешаванд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ соли 17,3 фоиз зиёд аст.

Шумораи шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ омада 1 миллиону 118,5 ҳазор нафар ё 91,4 фоизи шумораи умумии онҳоро ташкил намудааст, ки аз ин 852,2 ҳазор нафари онҳо сайёҳон мебошанд.

Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 104,7 ҳазор нафарро ташкил додааст (мутаносибат 8,6% аз шумораи умумӣ) ва 89,1 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.

Дар давраи зикршуда аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Ӯзбекистон будаанд. Шумораи онҳо зиёда аз 746,1 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 61,0 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад.

Теъдоди сайёҳоне, ки дар давоми нуҳ моҳ аз Русия ба мамлакат ташриф овардаанд, беш аз 329,0 ҳазор нафар ё 26,9 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил додааст. Дар ҷои сеюм Қазоқистон – 28,9 ҳазор нафар, баъдан Қирғизистон — 4,4 ҳазор нафар, Туркманистон – 4,1 ҳазор нафар, аз мамлакатҳои хориҷи дур бошад, Чин- 21,6 ҳазор нафар, Афғонистон — 10,4 ҳазор нафар, ИМА – 9,2 ҳазор нафар, Эрон – 6,8 ҳазор нафар, Туркия – 6,1 ҳазор нафар, Олмон – 5,2 ҳазор нафар, Ҳиндустон – 3,7 ҳазор нафар, Бангладеш – 3,3 ҳазор нафар, Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Корея – 2,2 ҳазор нафар, Фаронса, Ҷопон, Италия, Покистон ва Полша – 2,1 ҳазор нафарӣ, Австралия – 1,9 ҳазор нафар ва Канада 1,8 ҳазор нафар мебошанд.




0 комментария к “ДАВОМИ 9 МОҲ 1,2 МИЛЛИОН ХОРИҶӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БОЗДИД НАМУДААНД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон