29.08.23
АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бахши ҳуқуқ
мудири бахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1323 сомонӣ;
Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия
сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1200 сомонӣ;
Шуъбаи методологияи оморӣ ва таснифот
сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1200 сомонӣ;
Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 978 сомонӣ;
Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 804 – сомонӣ;
Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 804 сомонӣ;
Шуъбаи методологияи оморӣ ва таснифот
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 804 сомонӣ.
Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
муовини сардори Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2068 сомонӣ;
Раёсати Агентии омор дар ноҳияи Рӯдакӣ
сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ;
Шӯъбаи Агентии омор дар ноҳияи Шаҳринав
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 сомонӣ;
Бахши Агентии омор дар шаҳри Роғун
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 660 сомонӣ;
Бахши Агентии омор дар ноҳияи Нуробод
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 сомонӣ;
Бахши Агентии омор дар ноҳияи Лахш
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 сомонӣ;
Бахши Агентии омор дар ноҳияи Сангвор
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 сомонӣ.
Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгӯ бошанд:
– барои муовини сардори Сарраёсат – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– барои мудири бахш – таҳсилоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– барои сармутахассисон – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– барои мутахассиси пешбар – таҳсилоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– барои мутахассисон – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);
Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмист.
Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
– аризаи шахсӣ ба унвони директори Агентӣ;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
– тарҷумаи ҳол;
– 2 дона расми андозаи 3х4;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
– нусхаи шиноснома;
– маълумотнома аз ҷои истиқомат;
– хислатнома;
– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
– маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
– маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– маълумотнома (справка- объективка);
– маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038).
Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:
734025, ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар 17, утоқи кории №301 ва №309
Тел: 221-57-21; 227-63-24; Fax: 221-43-75.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон (аз 28.09.2018с. то 18.10.2018с.).
0 комментария к “Эълони озмун”