Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҲАҶМИ ГАРДИШИ САВДОИ ЯКЛУХТ, ЧАКАНА ВА ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО ДАР ТОҶИКИСТОН БА 39,7 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСОНИДА ШУДААСТ

ҲАҶМИ ГАРДИШИ САВДОИ ЯКЛУХТ, ЧАКАНА ВА ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО ДАР ТОҶИКИСТОН БА 39,7 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСОНИДА ШУДААСТ

Қисми зиёди неъматҳои моддиро аҳолӣ барои қонеъ намудани талаботи шахсияшон бо воситаи савдо таъмин менамоянд. Зери мафҳуми савдо дар фурӯши молҳо ба ивази даромади пулии аҳолӣ ифода меёбад. Хулоса, гардиши савдо ба муомилоти пулии мамлакат ба мустаҳкамшавии арзи миллӣ низ мавқеи хоса дорад, зеро гардиши пулӣ бо хизматрасонии савдо, махсусан савдои чакана бевосита алоқаманд аст.

Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо 39,7 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 11,8 фоиз зиёд шудааст (индекси нарх 103,2 фоизро ташкил додааст).

Дар ин давра гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 12,3 фоиз афзудааст.

Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо ба 33,6 миллиард сомонӣ баробар шуда, бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи ҷумҳурӣ 38,1 фоизи ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ба маблағи 15,1 миллиард сомонӣ ташкил додааст. Дар ин давра ба маблағи 7 миллиард сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шудаанд. Ҳаҷми гардиши корхонаҳо оид ба хизматрасонии техникии таъмири автомобилҳо 408,4 миллион сомониро ташкил додааст.

Таносуби молҳои озуқаворӣ дар ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана 49,9 фоиз ё 16,8 миллиард сомонӣ ва молҳои ғайриозуқа 50,1 фоиз ё 16,9 миллиард сомониро ташкил намудааст, яъне озуқаворӣ ба маблағи 67,3 миллион сомонӣ кам фурӯхта шудааст.

  • Дар ҳаҷми умумии фурӯши молҳои озуқаворӣ таносуби бештар аз рӯи арзиш ба гӯшт ва маснуоти гӯштӣ (15,5 фоиз), нон ва маҳсулоти нонӣ (17,5 фоиз), қанду шакар ва маснуоти қаннодӣ (4,9 фоиз), сабзавот ва картошка (5,3 фоиз) ва равғани растанӣ (4,4 фоиз) афзалият доранд. Аз молҳои ғайриозуқа таносуби бештар ба маводҳои бинокорӣ (29,1 фоиз), автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо (11,4 фоиз), газворҳо (8,8 фоиз), асбобҳои барқӣ (4,6 фоиз) ва ғайраҳо рост меояд.

Дар ин давра гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо ба ҳисоби миёна ба як нафар сокини ҷумҳурӣ 3309,60 сомонӣ рост омадааст.

Таносуби бештари гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо асосан ба вилояти Суғд (31,6 фоиз) ва шаҳри Душанбе (28,7 фоиз) рост меояд.

Таносуби молгардиши бахши ғайридавлатӣ дар моҳҳои январ – августи соли ҷорӣ 99,8 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил додааст.




0 комментария к “ҲАҶМИ ГАРДИШИ САВДОИ ЯКЛУХТ, ЧАКАНА ВА ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО ДАР ТОҶИКИСТОН БА 39,7 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСОНИДА ШУДААСТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон