08.10.24
Давоми ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҷумҳурӣ 15 миллиарду 730,2 миллион сомониро ташкил додааст, ки назар ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 16,5 фоиз зиёд аст, ки аз ин 74,4 фоиз ё 11 миллиарду 701,6 миллион сомониро хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ташкил додааст.
Дар ин давра ҳаҷми хизматрасонӣ ба ҳар нафар аҳолии шаҳри Душанбе нисбат ба дигар минтақаҳо афзалият дорад, ки ҳаҷми хизматрасонӣ назар ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе 5,1 баробар зиёд аст.
0 комментария к “ҲАҶМИ ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ БА АҲОЛӢ ЗИЁД ГАРДИД”