23.04.25
Саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакатҳо ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад ва нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд. Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ 26 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд. Ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6 январи соли 2022, №309 солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд.
Истеҳсолоти саноатӣ назар ба дигар соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла кишоварзӣ тадриҷан рушд намуда, саҳми он дар таъмини шуғли аҳолӣ, содироти маҳсулот, афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодии кишварҳо нақши бузург пайдо кардааст.
Ин аст, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусии кишвар ба маблағи 13 миллиарду 846,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нишондоди мазкур дар қиёс ба ҳамин давраи соли қабл бо нархҳои муқоисавӣ 23,4 фоиз афзудааст.
Омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 1,8 баробар, саноати коркард – 2,1 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 10 фоиз, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 28,3 фоиз ба амал омадааст.
Соҳаи саноати коркард дар Тоҷикистон бо дарназардошти омилҳои гуногун, маҳаки иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, дар атрофи он ҳалқаҳои навини истеҳсолӣ ташаккул меёбанд ва ин бахши мазкур дар сохтори иқтисодиёт ва саноат аз ҳама муҳимтарин ба шумор меравад.
Дар давраи ҳисоботӣ, яъне моҳҳои январ – марти соли 2025 ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард ба 6 миллиарду 490,0 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 2,1 фоиз зиёд аст.
Аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку 2 миллиарду 373,6 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 748,6 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр 156,4 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 14,0 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ 99,6 миллион сомонӣ, ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 812,4 миллион сомонӣ, истеҳсолоти металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ 1 миллиард 975,3 миллион сомониро ташкил дод.
Рушди минбаъдаи иқтисодиёт дар навбати аввал аз самаранок истифода гардидани сарватҳои табиӣ ва вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ вобаста мебошад.
Дар ин давра дар саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 4 миллиард 620,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ҳаҷми истеҳсол нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 1,8 баробар зиёд аст.
Афзоиши суръати рушди саноати истихроҷи маъдан аз рўи намудҳои маҳсулотҳои истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби истихроҷи ангиштисанг ва бур – 30,0 фоиз, маъданҳои филизӣ – 1,7 баробар, ҳаргуна канданиҳои фоиданок – 1,5 баробар мушоҳида мегардад.
Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва тозакунии ҳаво дар моҳҳои январ– сентябри соли 2024-ум 2 миллиарду 657,6 миллион сомониро ташкил дода, рушди истеҳсолот аз рӯи намуди фаъолияти мазкур ба 110 фоиз баробар шуд.
Ҳаҷми истеҳсол ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа дар моҳҳои январ – марти соли 2025-ум 78,8 миллион сомониро ташкил додааст.
Ҳаҷми маҳсулоти боркардабаровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ –марти соли 2025 якҷо бо боқимондаи маҳсулоти саноатӣ 13,4 миллиард сомониро ташкил додааст.
Дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилоятҳои Суғд (60,8 фоиз) ва Хатлон (19,8 фоиз) афзалият доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ 3780 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 349 адад, коркард 3257 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 102 адад фаъолият намудаанд.
Аз ин шумора 1242 адад (32,9 фоиз аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 866 адад (22,9 фоиз) – ба вилояти Хатлон, 822 адад (21,7 фоиз) – ба ш. Душанбе, 708 адад (18,7 фоиз) – ба НТҶ ва 142 адад (3,8 фоиз) – ба ВМКБ рост меоянд.
Тибқи дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат соҳаи саноат яке аз бахшҳои ояндадори кишвар буда, имрӯз ин соҳаи ҳаётан муҳимми мамлакат дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад.
Истифодаи ҳарчи пурраи захираҳои инсониву табиӣ ҳамчун омилҳои таконбахши рушди иқтисоди миллӣ тағйироти куллиро дар соҳаи саноати мамлакат таъмин намуда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлкат мусоидат менамояд.
“Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.
Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.
Суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад.
Хотирнишон месозам, ки суръати рушди соҳа ҳар сол на кам аз 20 фоиз бояд таъмин карда шавад.”
0 комментария к “ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 13,8 МИЛЛИАРД СОМОНӢ БАРОБАР ШУД”