Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 36,3 МИЛЛИАРД СОМОНӢ БАРОБАР ШУД

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 36,3 МИЛЛИАРД СОМОНӢ БАРОБАР ШУД

Саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакатҳо ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад ва нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд. Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ 26 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд. Ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6 январи соли 2022, №309 солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд.

Истеҳсолоти саноатӣ назар ба дигар соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла кишоварзӣ тадриҷан рушд намуда, саҳми он дар таъмини шуғли аҳолӣ, содироти маҳсулот, афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодии кишварҳо нақши бузург пайдо кардааст.

Ин аст, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусии кишвар ба маблағи 36,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нишондоди мазкур дар қиёс ба ҳамин давраи соли қабл бо нархҳои муқоисавӣ 15,3 фоиз афзудааст.

Омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 35,9 фоиз, саноати коркард – 10,0 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 0,6 фоиз, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 1,7 баробар ба амал омадааст.

Соҳаи саноати истихроҷи Тоҷикистон бо дарназардошти омилҳои гуногун, аз ҷумла омили географӣ маҳаки иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, дар атрофи он ҳалқаҳои навини истеҳсолӣ ташаккул меёбанд ва ин бахши мазкур дар сохтори иқтисодиёт ва саноат аз ҳама муҳимтарин ба шумор меравад.

Дар давраи ҳисоботӣ, яъне моҳҳои январ сентябри соли 2024 дар саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ҳаҷми истеҳсол нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 35,9 фоиз зиёд аст.

Афзоиши суръати рушди саноати истихроҷи маъдан аз рўи намудҳои маҳсулотҳои истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби истихроҷи ангиштисанг ва бур – 34,2 фоиз, маъданҳои филизӣ – 37,9 фоиз, ҳаргуна канданиҳои фоиданок – 18,8 фоиз мушоҳида мегардад.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард бошад, дар ин давра ба 20,3 миллиард сомонӣ расида, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку 7,7 миллиард сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 2,3 миллиард сомонӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр 555,7 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 46,7 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ 425,0 миллион сомонӣ, ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 2,9 миллиард сомонӣ, истеҳсолоти металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ 5,4 миллиард сомониро ташкил дод.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 10,0 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ сентябри соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку 9,2 фоиз зиёд шуд, ки он аз ҳисоби истеҳсоли макарон – 25,9 фоиз, маҳсулоти қаннодӣ – 30,4 фоиз, нушокиҳои беспиртӣ – 16,7 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва тозакунии ҳаво дар моҳҳои январ– сентябри соли 2024-ум 7,3 миллиард сомониро ташкил дода, рушди истеҳсолот аз рӯи намуди фаъолияти мазкур ба 100,6 фоиз баробар шуд.

Ҳаҷми истеҳсол ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа дар моҳҳои январ  сентябри соли 2024-ум 248,7 миллион сомониро ташкил додааст.

Ҳаҷми маҳсулоти боркардабаровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ  сентябри соли 2024 якҷо бо боқимондаи маҳсулоти саноатӣ 34,3 миллиард сомониро ташкил додааст.

Дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилоятҳои Суғд (56,5 фоиз) ва Хатлон (23,4 фоиз) афзалият доранд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 3611,73 сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ 3692 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 345 адад, коркард 3175 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 100 адад фаъолият намудаанд.

Аз ин шумора 1198 адад (32,5 фоиз аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 864 адад (23,4 фоиз) – ба вилояти Хатлон, 794 адад (21,5 фоиз) – ба ш. Душанбе, 699 адад (18,9 фоиз)  ба НТҶ ва 137 адад (3,7 фоиз) – ба ВМКБ рост меоянд.




0 комментария к “ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 36,3 МИЛЛИАРД СОМОНӢ БАРОБАР ШУД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон