20.10.24
Давоми 9 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон ба 8,44 миллиард сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо дарназардошти индекси нархҳо 106,0 фоиз таъмин гардид.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 ба миқдори 137 ҳазор тонна орд, 11521 тонна равғани рустанӣ, 573 тонна маҳсулоти макаронӣ, 26484,3 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 945,0 декалитр нӯшокиҳои беспирт, 10368,9 ҳазор метри мураббаъ газворҳо, 24,7 миллион дона хишти бинокорӣ, 73,7 ҳазор метр қубурҳои плпстикӣ истеҳсол карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 864 корхонаи саноатӣ, аз ин дар соҳаҳои истихроҷ 126 адад, коркард 670 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво, таъминоти об ва коркарди партовҳо 68 адад фаъолият намудаанд.
0 комментария к “ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА 8,44 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСОНИДА ШУД”