29.08.23
Маҷмӯаи омории «Ҳисобҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумоти умумикардашудаи солҳои 2014-2019-ро аз рӯи низоми ҳисобҳои миллӣ дар бар мегирад, натиҷањои ҳисобҳои Маҳсулоти Умумии Дохилӣ (МУД)-яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарини низоми ҳисобҳои миллӣ (НҲМ) мебошад, ки вазъи иқтисодиву – иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсиф менамоянд.
Дар маҷмӯа системаи ҳисобҳои миллӣ (СҲМ), ки дар омори ҷаҳонӣ ба таври васеъ истифода мешаванд – низоми нишондиҳандаҳои ба ҳам алоқаманд, барои тасвир ва таҳлили равандҳои макроиқтисодиёти давраи гузариш ҷой дода шудаанд.
Мураттаб сохтани ҳисобҳои нишондиҳандаҳои низоми ҳисобҳои миллӣ асосан ба методология ва тавсияҳои НҲМ – 93 асоснок карда шуданд.
0 комментария к “Ҳисобҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”