Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСИ МИНТАҚАВИИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ШАҲРИ ТИФЛИСИ ГУРҶИСТОН

ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСИ МИНТАҚАВИИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ШАҲРИ ТИФЛИСИ ГУРҶИСТОН

Рӯзҳои 25-26-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон Конфронси минтақавии сатҳи баланд дар мавзӯи «Тезонидани пешрафт ба сӯи рушди фарогир тавассути омори гендерӣ» баргузор гардид, ки дар он муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Зарина иштирок ва суханронӣ намуд.

Конфронси мазкур бо ташаббус ва дастгирии СММ-Занон (UN Women) ва Идораи миллии омори Гурҷистон (GEOSTAT) ташкил карда шуда, дар он ҳайати роҳбарикунанда ва коршиносони мақомоти омори кишварҳои Осиёи Марказӣ, Балкани Ғарбӣ, Туркия, Аврупои Шарқӣ ва Қавқоз иштирок намуданд.

Ҳадафи конфронси мазкур, ин муттаҳид намудани мутахассисон ҷиҳати татбиқи сиёсати гендерӣ, таъмини иштироки фаъоли бонувон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва дастгирии ташаббусҳои ҳаётан муҳими онҳо, баланд бардоштани дониш, ва мубодилаи пешрафти кишварҳо барои баланд бардоштани дастрасии маълумот дар соҳаҳои рушдёбанда, аз қабили зӯроварӣ нисбат ба занон, нигоҳубини бемузд, фарқияти музди мењнат дар байни мардону занон арзёбӣ мегардад.

Дар рузи якуми конфронс баромадкунандагон дар масъалаҳои идоракунии маълумотҳои омори гендерӣ барои қабули қарорҳои муассир, пешравиҳо оид ба ҷорӣ намудани гендер ба системаи миллии омори Гурҷистон, идоракунии маълумот дар бунёди экосистемаи миллии маълумоти гендерӣ, мушкилот ва имкониятҳо дар тарҳрезӣ ва гузаронидани таҳқиқоти истифодаи буҷаи вақт, арзёбии кори бемузд, усулҳо, чораҳо, мушкилот ва истифодаи эҳтимолӣ барои таҳияи сиёсат, андозагирии фарқияти музди меҳнат, таҳқиқи маълумоти қувваи корӣ барои ҳисоб намудани музди меҳнат маъруза намуданд.

Намояндагони мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ андешаҳои худро оид ба мушкилоти зуроварии гендерӣ аз лиҳози қонун, имкониятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муҳокима карданд.

Муовини Директори Агентии омор Назарзода Зарина дар конфронси мазкур дар самти сиёсати гендерӣ маъруза карда, пешниҳодҳои худро доир ба ташкили махзани маълумот оид ба зӯроварӣ дар оила, таҳияи нишондиҳандаҳои миллӣ ва глобалӣ оид ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ва васеъ намудани доираи нишондиҳандаҳои омори гендерӣ манзур намуд.




0 комментария к “ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСИ МИНТАҚАВИИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ШАҲРИ ТИФЛИСИ ГУРҶИСТОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон