29.08.23
18 декабри соли 2020 Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар ҷаласаи 61-уми Шӯрои роҳбарони мақомотии омори давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи маҷозӣ ширкат варзиданд.
Дар кори ҷаласаи мазкур роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ИДМ, аз ҷумла Арманистон, Белорус, Озарбойҷон, Қазокистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин роҳбарияти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ иштирок намуданд.
Ҷаласаи 61-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти омори миллии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи омори миллии Ҷумҳурии Белорус Ирина Медведева гузаронида шуд. Тибқи рузномаи ҷаласаи 61-уми Шӯро сараввал “Ҳисоботи фаъолияти Шӯрои роҳбарони мақомоти омори миллии давлатҳои ИДМ барои солҳои 2016-2019” шунида шуд. Баъдан масъалаҳои омодагӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии раунди навбатии соли 2020 дар давлатҳои ИДМ, лоиҳаи Барномаи корҳои Кумитаи байнидавлатии омори давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2021, корҳо дар самти Барномаи муқоисакунии байналмилалӣ дар асоси қобилияти харидории асъор дар минтақаи ИДМ: натиҷаи натиҷаҳои Барномаи муқоисакунии байналмилалӣ барои соли 2017 ва рафти корҳо оид ба Барномаи муқоисакунӣ барои соли 2021, рафти корҳои омодагӣ аз руи тафсири русии Таснифоти истеъмолоти инфиродӣ аз рӯи ҳадафҳо (ТИИҲ -2018), дар бораи фаъолияти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ дар соли 2019, баъзе омилҳои фаъолияти мақомоти омори миллии давлатҳои ИДМ дар шароити паҳншавии пандемияи COVID-19, оид ба Раиси Шӯрои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соли 2021 ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020, бартарии усулҳои муосири чамъоварии маълумот тариқи интернет ва планшет ва давраи натиҷагирии маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ қайд карда гузаштанд.
Дар охири Ҷаласаи тибқи пешниҳоди Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ Раисии Шӯрои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ИДМ барои соли 2021 ба Кумитаи омори Вазорати иқтисодии миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳамраисӣ ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузашт.
0 комментария к “Ҷаласаи 61-ум маҷозии Шӯрои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”