12.12.24
Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи роҳбарикунанда оид ба аҳолӣ ва рушд дар доираи Лоиҳаи «Таҳкими омори демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар ҳошияи он маросими расмии ҷамъбасти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 низ доир карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур роњбарият ва сардорони раёсату шуъбаҳои Агентии омор, намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд аз қабили намояндагии Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон, намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, намояндагии Созмони байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон, намояндагии Барномаи озӯқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон иштирок доштанд.
Ҷаласаро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, сараввал ба Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд, ки барои тайёрӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидану ҷамъбаст намудани маъракаи муҳими сиёсӣ – барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 кӯмаку дастгирӣ намуданд, ҳамчунин ҷиҳати такмили омори демографӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва кори кормандони мақомоти омор пайваста кӯмаки техникию методологӣ мерасонанд, изҳори минатдорӣ намуд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода зикр намуд, ки омори демографӣ ягона сарчашмаи оморӣ мебошад, ки барои баҳодиҳии сатҳи некуаҳволии кишвар, нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти аҳолӣ, сатҳи таъминнокии аҳолӣ ба маводҳои озуқаворӣ, ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ, барои баҳодиҳии сатҳи камбизоатӣ, камбизоатии ғизоӣ ва ҳисоби табақаи миёнаи аҳолӣ ва дигар нишондиҳандаҳои вобаста ба хароҷотҳои тандурустӣ, маориф ва дигар соҳаҳо истифода карда мешавад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки нишондиҳандаҳои омори демографӣ барои таъмини индикаторҳои асосии миллӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва ҳамчунин Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ ва арзёбии амалишавии онҳо ҳамчун ягона сарчашмаи иттилооти оморӣ, мусоидат менамояд.
Дар ҳошияи ҷаласа маросими расмии ҷамъбасти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 низ доир гардид.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро чорабинии муҳими давлатию сиёсӣ арзёбӣ намуда, нақши натиҷаҳои онро барои таҳияи стратегияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ, баҳодиҳии вазъи демографию иҷтимоии аҳолӣ муҳим шуморид.
Дар ин самт коршиноси мақомоти омори кишвар Ризоев Наҷмиддин тариқи рӯнамо дар мавзӯи “Натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020”, аз ҷумла дар бораи тағйирёбии шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 1970-2020, тағйирёбии шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳот дар солҳои 1970-2020, фарқияти шумораи мардҳо ва занҳо дар барӯйхатгирии аҳолии солҳои 2000-2020, шумора ва таносуби марду зан дар минтақаҳои ҷумҳурӣ тибқи натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили солҳои 2010-2020 ва ғайра муфассал маърӯза намуд.
Аз тарафи иштирокдорони ҷаласа дар бораи нозукиҳои гузаронидани ин чорабинӣ саволҳо пешниҳод гардид, ки аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ва шахсони масъул ҷавобҳои дақиқ дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015, №572 “Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020”, аз 30 сентябри соли 2019, №1356 “Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, №523 “Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ” ва инчунин мутобиқи тавсияҳои СММ барои ҳамаи мамлакатҳо дар бораи дар даҳ сол як маротиба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида шуд.
0 комментария к “ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «ТАҲКИМИ ОМОРИ ДЕМОГРАФӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ВА МАРОСИМИ РАСМИИ ҶАМЪБАСТИ БАРЎЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2020”