29.08.23
Санаи 20-уми октябри соли равон дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор “Дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2020 ва иҷрои вазифаҳо то охири соли 2020” бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаддасзода Фирдавс, роҳбарият, сардорони сарраёсатҳои Агентии омор дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентии омор баргузор гардид.
Ҷаласаро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ҳусни оғоз бахшида, сараввал ҳамагонро бо Рӯзи байналмилалии омор, ки ҳар сол дар ҷаҳон рузи 20 октябр ҷашн гирифта мешавад ва дар сатҳи баланд гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 табрику таҳният гуфта, ба кулли оморчиёни ҷумҳурӣ муваффақият ва барору комёбиҳо дар зиндагӣ ва кору фаъолияташон таманно намуданд.
Дар давоми суханронӣ, Ҳасанзода Гулнора дар бораи ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидани мақомоти омори давлатӣ ибрози андеша карданд.
Сипас, Муовини якуми Директори Агентии омор – Шокирзода Шодмон оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 муфассал маърӯза намуда, зикр карданд, ки мақомоти омори давлатӣ фаъолияти худро дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, фармонҳо, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба роҳ монда, то ин давра, вазифаҳое, ки дар назди мақомот гузошта шуда буданд, пурра ва бо сифат иҷро намуд.
Дар кори ҷаласа, Шокирзода Шодмон амалӣ гардидани иҷрои маҷмӯи вазифаҳои дар нуҳ моҳи соли 2020 аз ҷониби мақомоти оморро ҷараёни ҷамъоварӣ, коркарди маълумотҳои оморӣ, фаро гирифтани мушоҳидаҳои омории субъектҳои хоҷагидор бо истифода аз усулҳои пешқадами интихобии мушоҳидаҳои оморӣ, таҳқиқотҳои интихобӣ ва дар амалия ба таври васеъ истифода намудани методологияи асоснок оид ба ҷамъоварии нишондиҳандаҳои оморӣ ва ҳисобу китоби он, инчунин амалан назорат нисбат ба шаффофияти нишондиҳандаҳои оморӣ бо истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ арзёбӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар нуҳ моҳи соли 2020 маҷмӯан – 7218 корҳои оморӣ ба анҷом расонида шудааст, ки ин аз иҷрои пурраи барномаи корҳои оморӣ шаҳодат медиҳад. Аз ҷумла, 1796 кор ба соҳаи омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмон, 1613 кор ба соҳаи омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, 384 кор ба омори молия, 408 кор ба омори бақайдгирии нарх ва тарифаҳо, 429 кор ба омори таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо, 798 кор ба омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, 1146 кор ба омори захираҳои моддӣ, савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва 644 кор ба омори нақлиёт, алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ тааллуқ дорад.
Қайд гардид, ки вобаста ба гузариш ба ҳисоботи электронӣ ҳамасола шумораи нашри шаклҳои омории коғазӣ кам гардида, дар маҷмӯъ 41,4 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҳамин нишондиҳанда мутаносибан дар шаклҳои омории соҳаи иҷтимоӣ ва меҳнат – 79,2 фоиз, саноат – 58,8 фоиз, кишоварзӣ – 49,6 фоиз, сохтмон – 49,0 фоиз, демография – 39,1 фоиз, савдо – 30,1 фоиз, системаи ҳисобҳои миллӣ – 26,9 фоиз, нархҳо – 28,4 фоиз, робитаҳои иқтисоди хориҷӣ – 27,3 фоиз ва нақлиёт ва алоқа – 20,5 фоиз кам гардидааст. Шокирзода Шодмон, барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро, ки аз 1 то 15 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва умумиҷаҳонӣ ҳисобида, натиҷаҳои онро барои таҳияи стратегияю барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ, баҳодиҳии вазъи демографию иҷтимоии аҳолӣ, сатҳи некуаҳволии мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, ба мақомотҳои маҳаллии омор барои фаъолияти босамарашон дар самти баргузории ин маъракаи муҳим изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ба ҳамин хотир, аз тарафи роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони сарраёсатҳои Агентии омор дар ВМКБ ва вилояти Суғд ва як қатор сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии омор дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил бо истифода аз усулҳои замонавӣ бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар идомаи ҷаласа, ҳисоботи як қатор сардорони мақомоти омор дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз тарафи роҳбарияти Агентӣ оиди бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба онҳо дастуру супоришҳо пешниҳод карда шуд.
Дар охири кори ҷаласа, Директори Агентии омор муҳтарам Гулнора Кенҷа ба сардорони мақомоти омор дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оиди шаффофияти маълумотҳои оморӣ, хусусан маълумотҳои омори кишоварзӣ ва корҳои тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
0 комментария к “Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор”