Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

16-уми июли соли 2021 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор “Дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2021 ва иҷрои вазифаҳо то охири соли 2021” бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Муқаддасзода, Роҳбарияти Агентии омор, сардорони сарраёсатҳои Агентии омор дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентии омор ва намояндагони як қатор вазорату идораҳо багузор гардид. Дар кори ҷаласаи васеи мушовара ҳамчунин намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, кумитаҳои рушди маҳал, идораи замин ва геодезӣ, сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, андоз, ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, Хадамоти гумрук ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. 

Ҷаласаро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа оғоз намуда, дар бораи ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидани мақомоти омори давлатӣ ибрози андеша карданд.

Сипас, Муовини якуми Директори Агентии омор Шокирзода Шодмон оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 муфассал маърӯза намуданд.

Зикр гардид, ки маҷмӯан дар нимсолаи якуми соли 2021 –ум 5032 кори оморӣ ба анҷом расонида шуд, ки аз инҳо 1103 кор ба омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмон, 1132 кор ба омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, 326 кор ба омори молия, 272 кор ба омори бақайдгирии нархҳо ва тарифҳо, 407 кор ба омори таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо, 578 кор ба омори демографӣ, шуғли ањолї ва иљтимої, 777 кор ба омори захираҳои моддӣ, савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва 437 кор ба омори нақлиёт, алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ тааллуқ дорад, ки аз иҷрои пурраи барномаи корҳои оморӣ шаҳодат медиҳад.

Ҳамзамон дар маърӯза дар бораи баҳисобгирии сартосарии саршумори чорво, ки тибқи Барномаи корҳои оморӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 таҳқиқотҳои омории интихобӣ дар бозорҳои фурӯши чорво ва автомобил, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории мошин ва маводи сӯхту равғанҳои молиданӣ, мағозаҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, дорухонаҳо аз рӯи ҳамаи шаклҳои моликият, ҳамчунин таҳқиқоти нархи фурӯши маҳсулотҳо дар бозорҳо, таҳқиқоти буҷети хоҷагии хонавода, таҳқиқоти интихобии хоҷагиҳои аҳолӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ гузаронида шуд, ибрози назар намуданд.

Дар идомаи ҷаласа, ҳисоботи як қатор сардорони мақомоти омор дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз тарафи роҳбарияти Агентӣ оиди саривақт бартараф кардани камбудиҳо дастур дода шуд.

Инчунин аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳо вобаста ба масъалаҳои соҳавӣ саволҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби роҳбарият ва масъулини раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Агентии омор посухҳои асоснок дода шуд. 

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Муқаддасзода ба фаъолияти кормандони мақомоти омори давлатӣ баҳои қаноатбахш дода, онҳоро дар самти ҷамъоварии маълумотҳои саҳеҳу эътимодноки оморӣ раҳнамоӣ намуданд.

Дар охири кори ҷаласа, Директори Агентии омор муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ба сардорони мақомоти омор дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оиди шаффофияти маълумотҳои оморӣ, хусусан маълумотҳои омори кишоварзӣ, омодагӣ ба истиқболи санаи фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, инчунин ҳар ҳафта гузаронидани корҳои безараргардонӣ дар бинои мақомотҳои маҳалли омор дар минтақаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.




0 комментария к “Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон