Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР

16 октябр дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовара оид ба натиҷагирӣ аз ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо то охири сол баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Агентӣ, сардорони сарраёсатҳои Агентии омор дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласа натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар нуҳ моҳи соли 2024 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, ки аз рӯи ин масъала Асо Нурулло Асват, муовини якуми Директори Агентии омор гузориш дод.

Зикр гардид, ки мақомоти омор фаъолияти худро дар асоси Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2024» ба роҳ монда, вазифаҳои дар назди мақомот дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ гузошташударо пурра иҷро намуд.

Дар ин давра 6642 кори оморӣ саривақт ба анҷом расонида шуд, ки аз ин 1274 кор ба омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмон, 1848 кор ба омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, 393 кор ба омори молия, 567 кор ба омори бақайдгирии нархҳо ва тарифаҳо, 99 кор ба омори таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо, 798 кор ба омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ, 1019 кор ба омори захираҳои моддӣ, савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва 644 кор ба омори нақлиёт, алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии пулакӣ тааллуқ дорад, ки аз иҷрои пурраи Барномаи корҳои оморӣ шаҳодат медиҳад.

Ҳамзамон қайд гардид, мукотиботи Агентии омор аз рӯи ҷамъбасти нуҳ моҳи соли 2024 нишон дод, ки дар ин давра аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳо, идораю муассисаҳо, ташкилотҳо, мақомотҳои омори маҳаллӣ ба нишонии Агентӣ ва почтаи электронӣ маводҳои ҳуҷҷатнигорӣ ва номаҳо дар маҷмӯъ 2390 адад ворид шудааст. Аз теъдоди умумии ҳуҷҷатҳои воридгардида 706 амру фармонҳо, қарорҳо, дастуру супоришҳо, нусха аз протоколи ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву чорабиниҳо, 921 мактуб аз вазорату идораҳо, 266 мактуб аз мақомоти маҳаллии омор, 402 мактуб ба воситаи Ҳукумати электронӣ ва почтаи электронии Агентӣ, 38 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, 5 қарору супоришҳо аз Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 52 муроҷиати шаҳрвандон бо тарзи хаттӣ ворид шудаанд, ки мавриди корбарӣ қарор гирифта, саривақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои дахлдор фиристода шуданд.

Ғайр аз ин, тибқи Барномаи корҳои оморӣ дар нуҳ моҳи соли 2024 таҳқиқотҳои омории интихобии “Шахсони воқеӣ, истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ”, таҳқиқоти “Бозорҳои фурӯши чорво ва автомобил, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории мошин ва маводи сӯхту равғанҳои молиданӣ, мағозаҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, дорухонаҳо” аз рӯи ҳамаи шаклҳои моликият, таҳқиқоти “Нархи фурӯши маҳсулотҳо дар бозорҳо”, таҳқиқоти “Буҷети хоҷагии хонавода”, таҳқиқоти интихобии “Хоҷагиҳои аҳолӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ” ва баҳисобгирии сартосарии саршумори чорво гузаронида шуд.

Дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони мақомоти омор дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумоти омории тавсифкунандаи ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд.

Аз тарафи Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба сардорони мақомоти омори маҳаллӣ оид ба фарогирии субъектҳои ҳисоботсупор, ҷамъоварии дурусти нишондиҳандаҳои ҳамаи соҳаҳо тибқи методологияи муайян, қатъиян аз байн бурдани таҳрифкорӣ, пурра ба ҳисоботҳои оморӣ дохил намудани маҳсулоти растанипарварӣ, аз ҷумла картошка, шолӣ пурра ва дақиқ ба ҳисоб гирифтани саршумори чорвои калон ва хурд, мақсаднок ва самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, ғайринақдӣ амалӣ намудани амалиётҳои молиявӣ, истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, моликияти давлатӣ ва пешниҳоди саривақтии ҳисоботҳои молиявӣ, назорати ҳамарӯзаи ба ҳисобот фаро гирифтани истеҳсоли молу хизматрасониҳо, назорати мунтазами пур кардани китобҳои хоҷагидорӣ дар ҷамоатҳо ва дар баробари ин ворид кардани маълумотҳо дар барномаи электронии китоби хоҷагӣ, таъмини иҷрои муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” бо назордошти тағйиру иловаҳо ва “Дар бораи забони давлатӣ” инчунин ҷиҳати иҷрои супоришҳои дар Паёми Президент зикршуда, қонунҳо, қарорҳо ва дигар дастуру супоришҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.




0 комментария к “ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон