Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

Санаи 9-уми январи соли 2020 бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, кумитаҳои рушди маҳал, идораи замин ва геодезӣ, сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, андоз, ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, Хадамоти гумрук ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони Сарраёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаи васеъи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020» – ро баргузор гардид.

Ҷаласаро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ҳусни оғоз бахшида, қайд карданд, ки мақомоти омори давлатӣ дар соли 2019 ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.

Сипас, Муовини якуми Директори Агентӣ Шокирзода Шодмон Шариф пурра оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар соли 2019 баромад намуда, қайд карданд, ки мақомоти омор фаъолияти худро дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, фармонҳо, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро ба роҳ монда, Барномаҳои тасдиқкардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба корҳои оморӣ ва вазифаҳои дар назди мақомот гузошташударо дар муҳлатҳои пешбинишуда пурра ва бо сифат иҷро намуд.

Зикр гардид, ки тибқи Барномаи мазкур дар маҷмӯъ дар ин давра 9404 корҳои омории дар Барномаи корҳои оморӣ барои моҳҳои январ-декабри соли 2019  банақшагирифташуда саривақт иҷро карда, 42 маҷмӯаи оморӣ, 235 бюлетени оморӣ, 132 маълумот, 36 иттилооти таъҷилӣ ва 67 гузоришҳои оморӣ омода ва нашр карда шуданд, аз ҷумла «Дар бораи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар сатҳи минтақаҳо»,  «Дар бораи коркарди нерӯи барқ дар НОБ-ҳои хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тарози спирти этилӣ ва маҳсулоти шаробу арақ», «Дар бораи коркарди пахтаи хом ва истеҳсоли нахи пахта», «Дар бораи фаъолияти корхонаҳои пудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи иҷроиши корҳои геологӣ»  таҳия  намуда  ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба дигар истифодабарандагон пешниҳод гардиданд.

Мукотиботи Агентии омор аз рӯи ҷамъбасти соли 2019 нишон дод, ки дар ин давра 3256  адад  маводҳои ҳуҷҷатнигорӣ, аз онҳо 821 амру фармонҳо, қарорҳо, дастуру супоришҳо, нусха аз протоколи ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву чорабиниҳо, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1638 мактуб аз вазорату идораҳо, 293 мактуб аз мақомоти маҳаллии омор, 458 мактуб ба воситаи Ҳукумати электронӣ ва почтаи электронии Агентӣ ва 46 муроҷиати шаҳрвандон бо тарзи хаттӣ ворид шудаанд, ки мавриди корбарӣ қарор гирифта, саривақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои дахлдор фиристода шуданд. Дар ҳамин давра ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, мақомоти маҳаллии омор ва ба муроҷиати хаттии шаҳрвандон дар маҷмӯъ 1393 адад муросилоти хаттӣ ирсол карда шуд, аз он ҷумла ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  559 адад,  вазоратҳо, кумитаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо 608 адад, мақомоти маҳаллии омор 14 адад,   почтаи электронӣ ва нишонии электронии Агентӣ 166 адад, муроҷиати шаҳрвандон 46 адад. Дар асоси руйхати тасдиқгардида барои истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ 3408 гузоришҳои моҳона, маҷмӯаҳои омории соҳавӣ ва буллетенҳо фиристонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҳамчунин Ҳадафи чоруми Стратегияи миллӣ – саноатикунонии мамлакат дар назди мақомоти омори давлатӣ низ мақсад ва вазифаҳои навро ҷиҳати фарогирии навгониҳо дар рушди ҳадафҳо гузошта, дар ин самт мақомоти омор саҳми худро гузошта истодааст.

Дар давоми ҷаласа ҳисоботи Сардорони Сарраёсати Агентии омор дар ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии омор дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти корӣ дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.

Дар робита ба маърӯза ва баромадҳои намояндагони вазорату идораҳо ибрози андеша намуда, ба кори кормандони мақомоти омор баҳои қаноатбахш доданд.

Дар охири ҷаласа Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо назардошти баррасии рӯзномаи ҷаласа ва баромадҳои роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дода, қайд намуданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №585  аз 27 ноябри соли 2019 “Стратегияи миллии рушди омор барои то давраи соли 2030” ва “Нақшаи чорабиниҳои марҳилаи якуми татбиқи Стратегияи миллии рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 “ тасдиқ гардидааст, ки дар назди мақомоти омори ҷумҳурӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани вазифаҳои нав гузошташудааст ва барои амалӣ гаштан бояд чораҳои мушаххас андешида шавад, сипас ҷаласаи мушовара қарори дахлдор қабул намуд.




0 комментария к “Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон