Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Директори Институти омори Туркия мулоқот кард

Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Директори Институти омори Туркия мулоқот кард

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҳошияи Ҷаласаи 56-уми Комиссияи омори СММ рӯзи 7-уми март дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҷаноби Эрҳан Четинкая, Директори Институти омори Туркия мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаи оғози ҳамкории расмӣ байни мақомоти омори Тоҷикистон ва Институти омори Туркия ва дар ин замина ба имзо расонидани ëддошти тафоҳуми ҳамкорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самти табодули таҷриба ва ташкили сафарҳои омӯзишӣ то ба имзорасии ҳуҷҷати расмӣ оғоз намоянд.




0 комментария к “Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Директори Институти омори Туркия мулоқот кард

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон