29.08.23
16 июни соли 2023 мулоқоти Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо Ҳамоҳангсози Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвамӣ сурат гирифт, ки мақсад аз ин мулоқот пеш аз ҳама вусъат бахшидани ҳамкорӣ ва амалинамоии барномаҳои муштарак миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мебошад.
Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳо дар самти беҳтар намудани фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба милликунонии нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо инчунин дар атрофи масъалаҳои марбут ба такмил додани таҳқиқоти интихобии хоҷагии хонаводаҳо, рушди иқтисоди рақамӣ ҳамчун омили рушди иқтисодиёти муосир ва ҳифзи амнияти иқтисодӣ, электроникунонии ҳисоботҳои оморӣ ва ба ин васила кам кардани сарбории ҳисоботсупорандагон, мукаммалсозии низоми ҷамъоварии маълумот дар бораи муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ ва берунӣ, зарурияти гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ, гузаронидани таҳқиқоти маржаи савдо ва дигар масоили мубрам табодули афкор анҷом доданд.
0 комментария к “МУЛОҚОТ БО ҲАМОҲАНГСОЗИ НАМОЯНДАГИИ СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД ДАР ТОҶИКИСТОН”