29.08.23
15-уми феврали соли равон дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости расмии Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентии омор Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ сурат гирифт. Дар мулоқот инчунин, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ роҳбари гурӯҳи Лоиҳаи “ Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” Алишер Раҷабов , ассистенти барномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ Насиба Саидова, муовини директори Агентӣ Мирзоён Нодир, ҳамоҳангсози лоиҳаи “ Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” Бобизода Аҳрориддин, сардори раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия Наҷмиддинова Соҳиба ва сардори раёсати бақайдгирии нарх, тариф ва таҳқиқоти хоҷагии хонавода Шарипова Бунафша иштирок доштанд.
Дар рафти мулоқот директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед барои кумаку дастгирии доимӣ дар рушди омор дар Тоҷикистон, расонидани ёрии методӣ ва кўмаки техникӣ дар таҳияи омори тадқиқоти буҷаи хонавода ва таҳияи методологияи арзёбии камбизоатӣ, аз ҷумла, камбизоатии гуногунҷабҳа, сатҳи миёнаи камбизоатӣ, инчунин кӯмаки техникӣ оид ба таҳияи барномаҳо барои нигоҳдории китобҳои хоҷагӣ дар шакли электронӣ дар ҷамоатҳо ва татбиқи босамари лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» барои солҳои 2021-2026 изҳори миннатдорӣ намуд.
Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ дар навбати худ аз ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҳукумати Тоҷикистон, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Ҳамчунин номбурда аз рафти татбиқи лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки ҳамкориҳо дар соҳаи омор, бахусус дар самти гузариш ба низоми ҳисобҳои миллӣ – 2008, такмили буҷаи хонавода муҳим аст.
Қайд гардид, ки таъсиси маркази коркарди маълумотҳо барои саривақт гирифтани маълумоти оморӣ ва баланд бардоштани сифати он, таъсиси шабакаи ҳамгироии маҳзани маълумоти омори Агентӣ дар якҷояги бо шӯъбаҳои дахлдори вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандони омор, бахусус мутахассисони техналогияҳои иттилоотӣ тавассути семинару омӯзишҳо хело муҳим мебошад.
0 комментария к “Мулоқоти Директори Агентии омор бо Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон”