20.10.24
Аз 10 то 17 октябр бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии омор дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ дар намуди волейбол байни кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ, Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ” ва Сарраёсати Агентии омор дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи варзишӣ муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло Асват ширкат варзида, афзуд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки дар кишвари азизу соҳибистиқлоламон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин замина дар кишвар як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, бунёди иншооти варзишӣ, баргузор гардидани мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва омодакунии варзишгарони касбӣ мусоидат намуда истодаанд.
Ҳадафи асосӣ аз баргузор намудани мусобиқаи варзишии мазкур, ин пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни кормандон ва мақомоти омори маҳаллӣ, инчунин баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон мебошад.
Дар мусобиқа ҷойи аввалро кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ, ҷойи дуюмро кормандони Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ” ва ҷойи сеюмро кормандони Сарраёсати Агентии омор дар шаҳри Душанбе соҳиб гардиданд.
0 комментария к “МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР”