Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

“НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ”

“НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ”

Таҳти ин унвон дар Агентии омор ҳамоиш доир гардид

29-уми ноябр дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони Агентӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим, роҳбарият ва кормандони Агентӣ доир гардид.

Муовини Директори Агентии омор Назарзода Зарина бо сухани ифтитоҳӣ ба ҳамоиши мазкур ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки дар ҳақиқат бе иштироки фаъолонаи ҷавонони бонангу номуси кишвар ҳамчун нерӯи бузург рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро дар доираи имкониятҳои мавҷуда меандешад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки айни ҳол дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ 50 фоиз ҷавонон фаъолият менамоянд. Инчунин дар тамоми бахшҳои системаи мақомоти омор садҳо нафар ҷавонон фаъолият дошта, дар пешрафти соҳа саҳмгузор ҳастанд ва роҳбарияти Агентии омор ба пешрафт ва рушди ҷавонони соҳа ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим дар баромади хеш аз нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории Истиқлоли давлатӣ, рушду тарақиёти замони соҳибистиқлолӣ, саҳми ҷавонони худогоҳу ватанпарвар дар пешрафту шукуфоии кишвар суханронӣ намуд.

Дар идомаи ҳамоиш як қатор кормандон доир ба нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ, дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрам ибрози назар карданд.

Дар охир, чанде аз ҷавонони фаъоли соҳа барои гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, бахшида ба 33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардонида шуданд.




0 комментария к ““НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон