Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР

7 августи соли ҷорӣ дар бинои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти давлатии омор дар шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Муқаддасзода, роҳбарият ва сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Агентӣ ва 18 нафар намояндагони васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Аз ҷумла намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио, аз АМИТ «Ховар», агентии “Спутник Россия”, шабакаҳои телевизионии “Душанбе”, “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, радиоҳои “Ховар”, “Радиои Тоҷикистон”, “Азия плюс”, рӯзномаву маҷаллаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Народная газета”, “Мароми пойтахт” ширкат доштанд.

То оғози нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳои минбаъда то охири сол, инчунин дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши иттилоотӣпешниҳод карда шуд. Барои истифодабарӣ маводҳо, аз ҷумла: гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2024 (бо забонҳои давлатӣ ва русӣ), гузориш оид ба вазъи демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2024 (бо забонҳои давлатӣ ва русӣ) ва маърӯзаи фишурда дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти давлатии омор дар давраи сипаришуда пешниҳод гардид.

Тибқи тартиби муқарраргардида, нахуст Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти мақомоти омор дар шаш моҳи аввали соли 2024 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Зикр гардид, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қувваю нерӯи тоза аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро сармашқи кори худ қарор дода, дар нимсолаи якуми соли 2024 ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.

Гуфта шуд, ки сарфи назар аз камбудиву мушкилотҳо, Агентӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барномаи корҳои оморӣ дар соли 2024” бо иҷрои 4759 кори оморӣнимсолаи якуми соли ҷориро ҷамъбаст намуд, ки аз иҷрои пурраи барнома шаҳодат медиҳад.

Баъдан, бахши саволу ҷавоб оғоз ёфта, аз ҷониби рӯзноманигорон беш аз 20 савол пешниҳод гардид, ки дар навбати худ роҳбарияти Агентӣ ба онҳо посухҳои мушаххас гардонид.

  • Аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба мавзӯъҳои соҳавӣ саволҳои зерин пешниҳод гардиданд:

– ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2024;

– оиди коркард ва содироти пахта;

– аз ҳама зиёдтар ба кадом давлатҳо пахта содир карда шудааст;

– омилҳои таъсиррасон ба пасту баланд гардидани нархи молу маҳсулот;

– шумораи деҳаву маҳаллаҳо дар Тоҷикистон;

– омори ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифта шудаанд;

– омори таваллуд;

– омори таваллуди модару кӯдак;

– шумораи зану мард дар Тоҷикистон;

– нишондоди сатҳи камбизоатӣ қиёс бо 10 соли охир;

– воридоти харбуза;

– саршумори чорво дар кишвар ва ҳаҷми истеҳсоли гӯшт.

Ба саволҳои аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои ба мақомоти омор мансубиятдошта аз ҷониби роҳбарияти Агентии омор ҷавобҳои мушаххас дода шуд.




0 комментария к “НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон