29.08.23
14 феврали соли 2023 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид.
Дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2023, инчунин дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуд. Барои истифодабарӣ маводҳо, аз ҷумла: гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 (бо забонҳои давлатӣ ва русӣ) ва маърӯзаи фишурда дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 пешниҳод гардид.
Дар нишасти матбуотӣ Директори Агентии омор Нурмаҳмадзода Ҷамшед дар бораи натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти мақомоти омор дар соли 2022 ва нақшаву вазифаҳои дар пеш истода, ҳисоботи муфассал манзур намуд.
Ҳамзамон ба рӯзноманигорон дар муҳокимаи мавзӯъҳои вобаста ба соҳаи омор аз ҷониби Директори Агентӣ, посухҳои мушаххас манзур карда шуд.
Аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба мавзӯъҳои соҳавӣ саволҳои зерин пешниҳод гардиданд:
– омори расмии шумораи бекорон дар Тоҷикистон;
– оид ба гардиши савдои хориҷӣ;
– натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил;
– афзоиши табии аҳолӣ;
– миқдори содироти маводи гуногун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– шумораи нафарони аз садсола боло ва ғайра.
Ба саволҳои аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои ба мақомоти омор мансубиятдошта, аз ҷониби роҳбарияти Агентии омор ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
0 комментария к “Нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”