29.08.23
16-уми феврали соли 2022 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио аз он ҷумла: АМИТ «Ховар», агентиҳои “Спутник Россия”, “Авесто”, “Озодӣ”, шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “ШБТ Мир”, “Ҷаҳоннамо”, радиои “Ховар”, “Радиои Тоҷикистон”, “Садои Душанбе”, “Овози тоҷик”, рӯзномаву маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Ҷавонони Тоҷикистон», “Минбари халқ”, «Боҷу хироҷ», “Халқ овози”, “Илм ва ҳаёт”, саҳифаи интернетии “Radiotoj” иштирок намуданд.
Дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда барои давоми сол, инчунин дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуд. Барои истифодабарӣ маводҳо, аз ҷумла гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 (бо забонҳои давлатӣ ва русӣ) ва маърӯзаи фишурда дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2021 пешнињод гардид.
Дар нишасти матбуотӣ Директори Агентии омор Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар бораи натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти мақомоти омор дар соли 2021 ва нақшаву вазифаҳои дар пеш истода, ҳисоботи муфассал манзур намуд.
Ҳамзамон ба рӯзноманигорон дар муҳокимаи мавзӯъҳои вобаста ба соҳаи омор аз ҷониби Директори Агентӣ, муовинони Директор ва сардорони раёсату шуъбаҳои соҳавӣ посухҳои мушаххас манзур карда шуд.
Аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба мавзӯъҳои соҳавӣ саволҳои зерин пешниҳод гардиданд:
– омори расмии шаҳвандони Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– кумакҳои башардӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соҳаи манзил;
– ҷудошавии оилаҳо, фавти аҳолӣ, хусусан модару кӯдак;
– содироти мањсулоти кишоварзї;
– таѓйроти нархи мањсулоти гуногун дар давоми сол;
– шумораи нафарони аз садсола боло;
– масъалаҳои асосии муроҷиати шаҳрвандон ба Агентӣ;
– вазъи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ва шумораи ҷинояткорон;
– баҳисобгирӣ ва миқдори марказҳои дилхушӣ ва ғайра.
Ба саволҳои аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои ба мақомоти омор мансубиятдошта, аз ҷониби Роҳбарияти Агентии омор ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
0 комментария к “Нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”