11.12.24
Шахсе, ки дар як коргоҳ ва дар як замина солҳои дароз фаъолият намуда, бо андӯхтани донишу малака ҳамчун мутахассиси варзида ташаккул меёбад ва зина ба зина дар нардбони мансабу масъулияти давлатӣ боло меравад, миёни ҳамкорон ва аҳли ҷомеа соҳиби обрӯву эътибори хос мегардад. Зеро ӯ дар ин сурат корманди воқеӣ будани худро бо тамкин, донишандӯзӣ ва ҳалолкории хеш ба исбот мерасонад.
Инобат Исмоиловна ҳам, ки аз замони кӯдакӣ арқому ҳисобу китобро дӯст медошт, аз шумори ин гуна шахсиятҳост. Ӯ баъди хатми мактаби миёна нахуст ба сифати шогирди танзимгар ба маркази ҳисоббарории шуъбаи омори ноҳияи имрӯза Бобоҷон Ғафуров ба кор мепардозаду сипас шуъбаи шабонаи Мактаби муҳосибиро хатм менамояд ва баъдан чанд сол ба сифати иқтисодчӣ ва сармутахассиси шуъбаи омори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият менамояд.
Боло рафтани мақому манзалати зан-Модар дар замони соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти Инобат Турсунбоева ҳам бетаъсир намонд. Зеро дар ин давра чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баробарҳуқуқии занон ва мардон ва дигар масъалаҳои марбут ба занону бонувон қабул карда шуд, ки ба фаъолияти пурсамари онҳо мусоидат намуд. Ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби бештари бонувон ба кори давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунанда боис гардид, ки дар тамоми идораву муассисаҳо ба бонувони фаъол аҳаммияти махсус зоҳир гардад. Инобат Турсунбоеваро ҳам соли 1998 ба вазифаи муовини сардори Раёсати омори ноҳия таъин карданд. Ӯ, ки солҳо дар ин бахш кор карда, аз тору пуди фаъолияти мақомоти омори давлатӣ огоҳ буд, дар ин вазифа кордонию маҳорати худро дар муддати кӯтоҳ ба роҳбарият нишон дода тавонист ва миёни ҳамкорон соҳиби обрӯву эътибори хосса гардид.
Беҳуда нагуфтаанд, ки барои хондану илм омӯхтан ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Қаҳрамони мо ҳам баъди чанд соли фаъолият дар мақомоти омор ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуд ва соҳиби маълумоти олӣ гашт.
Маълумоти олӣ обрӯву эътибори ӯро афзуд ва ҳамчунин бовару эътимоди роҳбариятро ба ӯ қавитар сохт. Ин буд, ки соли 2015 Инобат Исмоиловнаро сардори Раёсати омори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъин намуданд.
Обрӯро бо пул харида намешавад, обрӯ заҳмат мехоҳад ва хидмат ба нафъи давлату мардум. Имрӯз агарчи Инобат Исмоиловна нафақахӯр асту давлати пирӣ меронад, аммо номаш ҳамеша дар забони шогирдону дӯстон, пайравону ҳамкорон аст. Аз ӯ ҳамчун як зани қавииродаву кордон бомаҳаорату донишманди соҳа ном мебаранд ва маслиҳатҳояшро ҳалқаи гӯш мекунанд. Зеро ин зан-Модар рисолати худро дар назди фарзандон, мардум, давлат ва миллати хеш сарбаландона адо кардааст.
Имрӯз бонуи ҳамидахислату поктинат, собиқадори хушноми мақомоти омори давлатӣ, модари меҳрубони фарзандони саодатманд Турсунбоева Инобат Исмоиловна ҷашни зодрӯз дорад. Мо аз номи тамоми кормандони соҳа муаллимаи азизро ба ҷашни милодашон таҳният гуфта, таманно менамоем:
Имрӯз барои ту таманно дорем,
Толеи наку, умри саду шодӣ ҳазор!
0 комментария к “ОБРӮ ЗАҲМАТ МЕХОҲАД…”