29.08.23
Ин маҷмӯа нашрияи пурраи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, падида ва марҳалаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро дар замони ба иқтисодиёти бозоргонӣ гузаштан дар бар мегирад.
Маҷмӯаро Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумотҳое, ки мақомотҳои омор аз корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва аҳолӣ бо роҳи пурра ба ҳисоб гирифтан, гузаронидани тадқиқоти интихобӣ ва дигар намудҳои тадқиқи оморӣ ба даст овардаанд ва маълумотҳое, ки вазорату муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вазорати молия, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Бонки миллӣ ва ғайра) пешниҳод кардаанд, таҳия намудааст.
Дар маҷмӯаи солонаи оморӣ нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011-2017 оварда шудаанд. Маълумотҳо умуман дар сатҳи ҷумҳурӣ оварда мешаванд ва як қатор нишондиҳандаҳое ҷой дода шудаанд, ки вазъияти иқтисодӣ ва фарҳангии вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳуриро нишон медиҳанд. Иттилооти тавсифӣ оиди хусусиятҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ, ҷуғрофию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд. Маълумот дар бораи аҳолӣ, вазъияти демографӣ, тандурустӣ, маориф, ҳаёти илмию фарҳангии мамлакат оварда шудааст.
Яке аз бобҳои маҷмӯа тавсифи умумии корхонаю ташкилотҳо, иттилооти бозоргонӣ оиди корхонаҳои хурд ва ҷараёни хусусигардониро дарбар мегирад. Қисми зиёди маҷмӯаро нишондиҳандаҳое, ки вазъияти баъзе соҳаҳои иқтисодиёт – саноат, сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт, соҳаҳои хизматрасонии аҳолиро тавсиф мекунанд, дар бар мегиранд. Инчунин як қатор бобҳо ба фаъолияти иқтисодии хориҷии ҷумҳурӣ бахшида шудаанд. Маълумотҳое, ки вазьи молиявии мамлакатро нишон медиҳад, чоп карда шудаанд.
0 комментария к “Омори солона Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад”