15.04.24
Имрӯз дар Сарраёсати омори вилояти Суғд бо иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, роҳбарият ва кормандони Сарраёсат ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора ба хабарнигори “Ҳарфи омор” аз маркази матбуотии Сарраёсати омори вилоят, иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, тибқи Барномаи корҳои оморӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 аз тарафи кормандони Сарраёсат 3,8 ҳазор корҳои оморӣ иҷро гардидааст, ки 100 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.
Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Сарраёсати омори вилояти Суғд зимни ироаи маърӯзаи худ оиди натиҷаҳои фаъолият Сарраёсат зикр намуд, ки мақомоти омори давлатӣ дар самти таҳлилу коркард, ҷамъбаст ва муқаррар намудани дурнамои асосии рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва дар ин замина таъмини иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои дахлдор нақши калидӣ дошта, дар низоми мақомоти идоракунии кишвар мавқеи муҳимро соҳиб аст.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар давраи сипаришуда ба унвонии Сарраёсат ва суроғаи электронӣ дар маҷмуъ 166 қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи марказии Агентии омор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мактуб аз ташкилоту муассисаҳо ворид шуданд, ки ҳамаи онҳо мавриди корбарӣ қарор гирифта, саривақт иҷро ва мувофиқи дархост ҷавобҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.
Эътимоднокӣ ва саҳеҳияти маълумотҳои оморӣ аз назорати доимӣ ва гузаронидани санҷишҳои пайдарпай таъмин мегардад.
Гуфта шуд, ки дар ин замина, ҷиҳати иҷрои нақшаи санҷишии мақомотҳои омори маҳаллӣ барои соли 2024, ки аз ҷониби Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, аз 21 декабри соли 2023, №13 тасдиқ гардидааст, кормандони мақомоти омори маҳаллӣ дар 23 корхонаву ташкилотҳо санҷишҳои нақшавӣ гузарониданд, ки 88,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Ҳокимбек Накҳатзода айни замон дар Феҳристи ягонаи давлатии мақомоти андози вилоят шумораи субъектҳои бақайдгирифташуда ба 123,4 ҳазор адад расидааст, ки ин 35 фоизи сатҳи ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, шумораи шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда – 9,3 ҳазор, филиалу намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ – 48 адад ва соҳибкорони инфиродӣ 114,1 ҳазор нафарро ташкил дода, аз он хоҷагиҳои деҳқонӣ 67,4 ҳазор адад мебошанд, ки ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 38 фоизро ташкил медиҳад.
Бо мақсади пурра фаро гирифтани субъектҳои хоҷагидор ва мукаммал гардонидани механизми ҷамъоварии маълумот дар сатҳи минтақаҳо электроникунонии ҳисоботҳои оморӣ марҳала ба марҳала ба роҳ монда шуда, то ин замон 156 намуди шакли ҳисоботҳои соҳавӣ ба тариқи электронӣ ҷамъоварӣ гардида истодааст, ки ин 100 фоизи шумораи умумии шаклҳои ҳисоботи омориро ташкил медиҳад.
Дар идомаи ҷаласа сардори сарраёсат аз рушди нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии соҳаҳои асосии вилоят дар соли сипаришуда ва арқоми дар ин давра бадастомада мухтасар маълумот манзур намуд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти кормандони сарраёсат ва ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят баҳои қаноатбахш дода, масъулинро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати маълумотҳо, эътимоднокӣ, ҷамъоварию ҷамъбасти босифату саривақтӣ ва дар ин замина саҳми назаррасу арзанда гузоштан дар рушди омори миллӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Ҳамзамон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат ибрози назар намуда, нуктаҳои меҳварии мулоқоти мазкурро дар хусуси пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротиву террористӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром доштан нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, софдилона ба нафъи халқу меҳан заҳмат кашидан, омӯзиши илму технологияи навин ва баланд бардоштани сатҳи забондонӣ тавзеҳ намуд.
Дар охир зикр шуд, ки дар партаву ҳидояту роҳнамоиҳои падаронаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи кормандони мақомоти омори вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, онро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ пешвоз хоҳем гирифт.
0 комментария к “ОМОРИ СУҒД. ФАЪОЛИЯТИ НАЗАРРАС ДАР СЕМОҲАИ ЯКУМ”