Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ОМОРИ ВМКБ. АЗ ИҶРОИ 298 КОРИ ОМОРӢ ТО ТАЪМИНИ НАҚШАИ БАРНОМА

ОМОРИ ВМКБ. АЗ ИҶРОИ 298 КОРИ ОМОРӢ ТО ТАЪМИНИ НАҚШАИ БАРНОМА

“Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон семоҳаи сеюми соли ҷориро дар доираи “Барномаи корҳои оморӣ” бо ҷамъоварӣ, таҳия ва пешниҳоди саривақтии ҳисоботҳои оморӣ ба Дастгоҳи марказии Агентии омор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо иҷрои 298 кори оморӣ, ки сад фоизи нақшаро ташкил медиҳад, бо сарбаландӣ ҷамъбаст намуд”.

  • Дар ин бора сардори Сарраёсати омори ВМКБ Одинеков ХУШҚАДАМ дар ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи ҳисоботи ҷамъбастии Сарраёсат оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2024 иброз намуд.

Тибқи иттилои Одинеков Хушқадам ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 191,3 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 41,3 миллион зиёд ва суръати рушд дар сатҳи 127,3 фоиз таъмин гардидааст.

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ин давра дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии вилоят 551,3 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2023 бо нархҳои муқоисавӣ 4,1 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 5,7 фоиз ва чорводорӣ 2,7 фоиз зиёд аст.

Ба ҳолати 1 октябри соли 2024 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 122,5 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 ҳазор сар ё 2,7 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 384,4 ҳазор сарро ташкил додааст, ки 1,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 бо ҳамаи намуди наќлиёти автомобилӣ дар ҳудуди вилоят 836,2 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19,9 фоиз зиёд аст.

Дар давраи зикршуда ҳаҷми гардиши савдо яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо дар вилоят 197,2 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои мукоисавӣ 10,3 фоиз ё ба маблағи 27,6 миллион сомонӣ зиёд шудааст.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ бошад, дар ҳамаи соҳаҳои хизматгузор 131,1 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 16,2 фоиз зиёд аст.

Аз ҳаҷми умумии хизматрасонӣ 59,8 фоиз ё 78,4 миллион сомониро хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ташкил додааст.

Маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, аз тарафи давлату Ҳукумати кишвар ҳамасола барои бунёди муассисаҳои таълимӣ, биноҳои таълимии иловагӣ, инчунин муҳайё намудани шароити мусоид барои донишандӯзии хонандагон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд. Аслан сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон мусоидат мекунад.

Тавре сардори Сарраёсати омори ВМКБ Одинеков Хушқадам гузориш дод, тибқи маълумоти оморӣ дар вилоят 313 муассисаи таълимию тарбиявӣ фаъолият дошта, дар онҳо 36 ҳазору 937 хонанда ба таълиму таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Шумораи умумии омӯзгорон 5320 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди вилоят 11 интернати назди мактабӣ бо фарогирии 226 нафар тарбиятгиранда ва 1 адад интернати ҷумҳуриявӣ бо фарогирии 134 нафар тарбиятгиранда фаъолият менамоянд.




0 комментария к “ОМОРИ ВМКБ. АЗ ИҶРОИ 298 КОРИ ОМОРӢ ТО ТАЪМИНИ НАҚШАИ БАРНОМА

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон