Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Озмун барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати

давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд:

Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист

мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1124 сомонӣ 70 дирам;

Раёсати омори савдо ва хизатрасонӣ

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 924 сомонӣ 60 дирам;

Раёсати омори саноат ва инвеститсияхо дар сохтмон

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 924 сомонӣ 60 дирам;

Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 924 сомонӣ 60 дирам;

Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 924 сомонӣ 60 дирам;

Шуъбаи молия ва ҳисобот

сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1380 сомонӣ;

Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

мутахассиси пешбар (оид ба корҳои махсус) – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1124 сомонӣ 70 дирам;

Шуъбаи методологияи оморӣ ва таснифот

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 924 сомонӣ 60 дирам;

Шуъбаи нархҳо ва тарифҳо

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 924 сомонӣ 60 дирам;

Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода

сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1131 сомонӣ 60 дирам;

мутахассиси пешбар- 1 ҷой, маоши мансабӣ 924 сомонӣ 60 дирам;

мутахассис- 1 ҷой, маоши мансабӣ 759 сомонӣ;

Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат

мутахассиси пешбар- 1 ҷой, маоши мансабӣ 924 сомонӣ 60 дирам;

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 741 сомонӣ 90 дирам;

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 724 сомонӣ 50 дирам;

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод

мутахассиси пешбар- 1 ҷой, маоши мансабӣ 883 сомонӣ 20 дирам;

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 724 сомонӣ 50 дирам

Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгӯ бошанд:

барои сармутахассисон – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

барои мутахассисони пешбар – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор), 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

барои мутахассисон – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);

Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмист.

Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

– аризаи шахсӣ ба унвонии директори Агентӣ;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– тарҷумаи ҳол;

– 2 дона расми андозаи 3х4;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

– маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли  038).

– маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:

ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар 17, утоқи кории №301 ва №308

Тел: 227-63-24;  221-57-21; Fax: 221-43-75;

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба муҳлати 21 рӯз  пас аз рӯзи нашри эълон.




0 комментария к “Озмун барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон