02.03.24
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи марказии Агентӣ ва омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
ОЗМУН эълон менамояд:
- Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус:
ёвари директор – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1798 сомонӣ 43 дирам;
сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1660 сомонӣ 00 дирам;
мутахассиси пешбар – 1ҷой, маоши мансабӣ 1352 сомонӣ 90 дирам;
- Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ:
мутахассиси пешбар – 1ҷой, маоши мансабӣ 1352 сомонӣ 90 дирам;
мутахассис – 1ҷой, маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;
- Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист:
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1352 сомонӣ 90 дирам;
- Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон:
сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1660 сомонӣ;
- Шуъбаи нархҳо ва тарифҳо:
мутахассиси пешбар -1ҷой, маоши мансабӣ 1352сомонӣ 90 дирам;
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;
- Раёсати омори савдо ва хизматрасонӣ:
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;
- Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия:
мутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;
- Шуъбаи молия ва ҳисобот:
мутахассиси пешбар – 1ҷой, маоши мансабӣ 1352сомонӣ 90 дирам;
- Бахши коргузорӣ ва назорат:
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1352 сомонӣ 90 дирам;
- Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода:
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 913 сомонӣ 00 дирам;
- Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ:
мутахассиси пешбар- 1 ҷой, маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;
- Шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҳикистон дар ноҳияи Шаҳринав:
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062 сомонӣ 40 дирам;
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 871 сомонӣ 50 дирам;
- Шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод:
сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1427 сомонӣ 40 дирам;
- Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод:
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062 сомонӣ 40 дирам;
- Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш:
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 891 сомонӣ 90 дирам;
- Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун:
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 913 сомонӣ 00 дирам;
Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 871 сомонӣ 50 дирам;
Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгӯ бошанд:
- барои сармутахассисон – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- барои мутахассисони пешбар – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор), 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ барои Дастгоҳи марказӣ. (Барои мансаби мутахассиси пешбари мақомоти омори маҳаллӣ собиқаи корӣ муҳим нест);
- барои мутахассисон – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);
Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ, забони хориҷӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмӣ мебошад.
- Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
– аризаи шахсӣ ба унвонии директори Агентӣ;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
– тарҷумаи ҳол;
– 2 дона расми андозаи 3х4;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
– маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038).
– маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (аз мақомоти андози маҳали зист);
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
- Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд: ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар 17, утоқи кории №30 ва №31
Тел: 227-63-24; 221-57-21;
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо давоми 21 рӯз пас аз нашри эълон дар саҳифаи рӯзномаи Ҷумҳурият.
0 комментария к “ОЗМУН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии омор”