22.11.24
Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомад дар фазои ботантана бо ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз дошт, ки аз рӯзе миллати сохибфарҳанги тоҷик соҳиби Парчами давлатӣ гардид, то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии мамлакат дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд. Ва муҳимтар аз ҳама, қабули Парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд.
Аз ин хотир эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.
Дар идомаи ҷамъомад муовини Директори Агентӣ Назарзода Зарина зимни баромади худ иброз намуд, ки воқеан, парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши он таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.
Ҳамзамон дар рафти ҷамъомади мазкур оид ба таърихи парчамдорӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба ин рамзи муқаддаси миллӣ аз тарафи як қатор кормандон ибрози андеша карда шуд.
0 комментария к “ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ШАРАФ ВА ОЗОДӢ”